Рустами Эмомалӣ Wi-Fi-ро дар Душанбе зери назорат мегирад

Қарори дахлдори раиси пойтахт ба хотири ҳифзи амнияти иттилоотӣ, таъмини бехатарии шаҳрвандон ва беҳтаргардонии хизматрасонӣ ба корбарони шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет аз рӯйи технологияи Wi-Fi қабул шудааст. Мувофиқи ин қарор, баҳри таъмини шаффофият ва амнияти технологияҳои иттилоотӣ, рафти иҷрои Тартиби мазкур ба зиммаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и шаҳрдорӣ вогузор мешавад. Минбаъд шахсони ҳуқуқӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Қарори дахлдори раиси пойтахт ба хотири ҳифзи амнияти иттилоотӣ, таъмини бехатарии шаҳрвандон ва беҳтаргардонии хизматрасонӣ ба корбарони шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет аз рӯйи технологияи Wi-Fi қабул шудааст.

Мувофиқи ин қарор, баҳри таъмини шаффофият ва амнияти технологияҳои иттилоотӣ, рафти иҷрои Тартиби мазкур ба зиммаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и шаҳрдорӣ вогузор мешавад.

Минбаъд шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба муштариён аз рӯйи технологияҳои Wi-Fi хизматрасониҳои интернетиро пешниҳод мекунанд, пас аз пешниҳоди ариза ва маълумоти дахлдор бояд дар корхонаи мазкур ба қайд гирифта шаванд.

Пас аз бақайдгирӣ онҳо уҳдадор мешаванд, ки ҳар семоҳа дар бораи фаъолияти худ ба шаҳрдорӣ ҳисобот диҳанд.

Қобили зикр аст, ки имсол қариб дар ҳамаи боғҳои Душанбе Wi-Fi фаъол карда шуд. Дар ин бора гузориши моро тамошо кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.