Ронандаи “ГАЗ-53” дар Рушон писари хурдсолро пахш кардааст

Дар пайи садамаҳои рӯзи гузашта дар кишвар 2 нафар, аз ҷумла, писари 6-сола ҷон бохтанд. Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, рӯзи 18-уми ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53“ Довут Давлатмамадови 42-сола, корманди идораи корхонаи манзилию коммуналии ноҳияи Рушон ҳангоми тоза кардани ҳавлии мактаб-интернат Далер Миравазбекови 6-соларо, ки машғули бозӣ будааст, пахш кардааст. Кӯдаки хурдсол ҷароҳати вазнини […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар пайи садамаҳои рӯзи гузашта дар кишвар 2 нафар, аз ҷумла, писари 6-сола ҷон бохтанд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, рӯзи 18-уми ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53“ Довут Давлатмамадови 42-сола, корманди идораи корхонаи манзилию коммуналии ноҳияи Рушон ҳангоми тоза кардани ҳавлии мактаб-интернат Далер Миравазбекови 6-соларо, ки машғули бозӣ будааст, пахш кардааст. Кӯдаки хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст.

Дар ин рӯз ҳамчунин дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-311” Дороб Пиримов ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Баҳодур Пирови 63-соларо пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.