Шокирҷон Ҳакимов: Натиҷаҳои интихобот ба ҳукумат вобаста аст

Сиёсатмадор, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, воқеъияти Тоҷикистон тайи 10 соли охир чунин аст, ки натиҷаҳои ҳама гуна интихобот на ба раъйдиҳандагон, балки ба нишондиҳандаҳои тасдиқкардаи ҳукуматдорон вобаста хоҳад буд. Ӯ мутмаин аст, натиҷаҳои интихобот ба парлумони Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2015 баргузор гардид, “на дар қуттиҳои раъйдиҳӣ, балки […]

Сиёсатмадор, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, воқеъияти Тоҷикистон тайи 10 соли охир чунин аст, ки натиҷаҳои ҳама гуна интихобот на ба раъйдиҳандагон, балки ба нишондиҳандаҳои тасдиқкардаи ҳукуматдорон вобаста хоҳад буд.

Ӯ мутмаин аст, натиҷаҳои интихобот ба парлумони Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2015 баргузор гардид, “на дар қуттиҳои раъйдиҳӣ, балки дар долонҳои ҳукумат муайян шуда буданд”.

“ҲСДТ умедвор аст, ки интихоботи парлумонии аввали баҳори соли оянда ба тарзи дигар баргузор шуда, ҳукуматдорон ба садои мардум гӯш медиҳанд ва дар ниҳояти кор дарк мекунанд, ки ҳамаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон рушду шукуфоии Ватан ва таъмини ҳаёти шоиста ба мардумро мехоҳанд”, – афзуд сиёсатмадор.

Дар робита ба иштироки ҲСДТ дар интихоботи навбатии парлумонӣ Шокирҷон Ҳакимов зикр кард, ки масъалаи мазкур дар шӯрои сиёсии ҳизб ҳал мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.