Прапоршик сарбозро барои “беҳурматӣ” латукӯб кард

Прапоршики яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе Талабшоҳ Қамаров аз ҷониби Суди ҳарбии гарнизони Душанбе барои латукӯби сарбози қаторӣ Ҷумъахон Кенҷаев ба маблағи 5 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шуд. Тибқи иттилои торнамои Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, нимаи моҳи октябр прапоршик ба сарбоз супориши ғайриоинномавӣ додааст, ки ба ӯ амри «Низом» диҳад. […]

Прапоршики яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе Талабшоҳ Қамаров аз ҷониби Суди ҳарбии гарнизони Душанбе барои латукӯби сарбози қаторӣ Ҷумъахон Кенҷаев ба маблағи 5 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шуд.

Тибқи иттилои торнамои Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, нимаи моҳи октябр прапоршик ба сарбоз супориши ғайриоинномавӣ додааст, ки ба ӯ амри «Низом» диҳад.

“Сарбоз ин амри ӯро иҷро намекунад, зеро супориш бархилофи Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст, – қайд мешавад дар хабар. – Қамаров барои ин “беҳурматӣ” нисбат ба худаш сарбозро латукӯб кардааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳатҳои сабук бардоштааст”.

Бинобар сабаби мутобиқат накардан ба вазифаи ишғолкарда прапоршик аз кор озод шудааст. Бо қарори суд, ки нимаи моҳи ноябр баргузор шуд, ӯ ҳамчунин 5 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима месупорад.

Моҳи июни соли 2017 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тамоми маълумотро бо рақамҳои телефон ва суроғаҳо ҷамъоварӣ кард, ки дар сурати маҷбурӣ ба артиш бурдан (облава) ва муносибатҳои ғайриоинномавӣ метавон аз онҳо истифода кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.