Ҷоизаи биринҷии сиркбози ҷавони тоҷик дар Вйетнам

Аз 11 то 17 ноябри соли 2019 дар вилояти Куангнини Давлати Вйетнам дар мавзӯи “Ифтитоҳи нави муъҷизаи бузург” Ҷашнвораи ҷаҳонии ҳунари сирки Халонг-2019 баргузор гардид.   Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, дар ин ҷашнвора зиёда аз 100 ҳунарпешаи сирк аз 20 минтақа ва кишварҳои дунё ба мисли Куба, Канада, Бразилия, Олмон, Русия, Лаос, […]

Аз 11 то 17 ноябри соли 2019 дар вилояти Куангнини Давлати Вйетнам дар мавзӯи “Ифтитоҳи нави муъҷизаи бузург” Ҷашнвораи ҷаҳонии ҳунари сирки Халонг-2019 баргузор гардид.  

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, дар ин ҷашнвора зиёда аз 100 ҳунарпешаи сирк аз 20 минтақа ва кишварҳои дунё ба мисли Куба, Канада, Бразилия, Олмон, Русия, Лаос, ИМА, Ҷопон ва Украина иштирок карданд.

“Боиси ифтихор аст, ки сиркбози ҷавон ва соҳибистеъдоди тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар ҷашнвораи мазкур Тоҷикистонро муаррифӣ карда, соҳиби ҷойи сеюм ва ҷоизаи биринҷӣ гардида, обрӯйи санъату ҳунари тоҷикро дар арсаи байнулмилалӣ баланд бардошт, – омадааст дар хабар. – Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҷашнвораи мазкур сиркбози Тоҷикистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагӣ кард”.

Гуфта мешавад, Муҳаммад Шарифзода – сиркбози ҷавону умедбахши тоҷик, ки тибқи бурсия дар Омӯзишгоҳи сирки ба номи Карандаши шаҳри Москва таҳсил карда, соли 2018 пас аз хатми он дар Сирки давлатии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардааст. Муҳаммади ҷавон аллакай дар чандин фестивалҳои байнулмилалӣ ба намояндагӣ аз Тоҷикистон ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён шудааст.

Ҷоизаи аввалинро ӯ моҳи ноябри соли 2018 дар фестивали байнулмилалии «Оянадаи сирк» дар шаҳри Лугански Ҷумҳурии Украина сазовор гардид. Доварони фестивал дар бахши эквилибрӣ байни иштирокчиёни то 20-сола аз 15 кишвари ҷаҳон ҷойи аввалро лоиқи сиркбози тоҷик дониста буданд.

Муҳаммад Шарифзода дар 8-умин Фестивали байнулмилалии сиркӣ «Фили тиллоӣ», ки аз 14 то 19 феврали соли 2019 дар шаҳри Жиронаи Испания баргузор гардид, иштирок карда, ҷоизаи махсуси доваронро ба даст овард. Дар ҷашнвораи мазкур ба ӯ бар замми ин ҷоиза боз ду тӯҳфа: Ҷоизаи махсус аз Ҷумҳурии Муғулистон ва Ҷоизаи махсус аз Федератсияи Русия супорида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.