РВКД-и Хатлон ва шаҳрдории Леваканд тирпаррониро дар назди хонаи “Илҳом-командир” рад мекунанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ далели тирпаррониро шоми 17-уми ноябр дар шаҳри Леваканд (собиқ Сарбанд) рад мекунанд ва мегӯянд, маълумоти нашркардаи чанде аз ВАО дар ин хусус асоси воқеӣ надорад.

Дар қисми навбатдории РВКД-и вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки маълумот дар бораи ҳамаи ҳодисаҳои фавқулода дар вилоят маҳз ба онҳо мерасад, аммо оид ба тирпарронӣ дар Леваканд ягон иттилоот ё маълумоте нарасидааст.

“Маъмулан, баъд аз расидани чунин маълумот, гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии кормандони милитсия бетаъхир ба ҷойи ҳодиса сафарбар мешавад, лекин он шом ягон гурӯҳ ба Леваканд нарафтааст”, – қайд карданд дар қисми навбатдорӣ.

Дар дастгоҳи раиси шаҳри Леваканд низ маълумотро оид ба тирпарронӣ дар шаҳр рад карданд.

“Шаҳри мо начандон калон буда, аз рӯйдодҳо дарҳол ҳама огоҳ мешаванд, хусусан, дар шаҳрдорӣ, аммо ягон далели типарронӣ вуҷуд надошт”, – қотеъона қайд карданд дар шаҳрдории Леваканд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, шоми 17-уми ноябр дар назди хонаи тоҷири маъруф Илҳом Ҳотамов (бо номҳои Илҳоми Ботурободӣ ё "Илҳом-Командир" низ маъруф аст) дар Леваканд байни одамони ӯ ва гурӯҳе аз номи моликони бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар тирпарронӣ сурат гирифтааст.

Бозор ба оилаи бонуфуз дар ҷануби Тоҷикистон – Соҳибовҳо тааллуқ дорад, ки ду нафари онҳо – Зоир ва Шамсулло Соҳибовҳо ҳамсарони духтарони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Илҳом-командир собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти халқӣ, феълан тоҷир аст, ки ба содироти пахта тариқи ширкати «Тамер ИНБ» машғул аст.

"Гурӯҳи аввал ба хонаи Ҳотамов Илҳом Шарбатович рафтаанд ва миёни онҳо баҳс сар задааст. Баъдан баҳс то занозанӣ ва тирпарронӣ кашида мешавад," – гуфтааст як манбаи Радио Озодӣ. Ба қавли ӯ, баҳс ба сари замин ва қарз будааст.

Дар Бемористони марказии шаҳри Леваканд ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, он шом ягон нафари маҷруҳро ба беморхонаи онҳо наовардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.