РВКД-и Хатлон ва шаҳрдории Леваканд тирпаррониро дар назди хонаи “Илҳом-командир” рад мекунанд

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ далели тирпаррониро шоми 17-уми ноябр дар шаҳри Леваканд (собиқ Сарбанд) рад мекунанд ва мегӯянд, маълумоти нашркардаи чанде аз ВАО дар ин хусус асоси воқеӣ надорад. Дар қисми навбатдории РВКД-и вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки маълумот дар бораи ҳамаи ҳодисаҳои фавқулода дар вилоят маҳз ба онҳо мерасад, аммо оид ба тирпарронӣ дар Леваканд ягон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ далели тирпаррониро шоми 17-уми ноябр дар шаҳри Леваканд (собиқ Сарбанд) рад мекунанд ва мегӯянд, маълумоти нашркардаи чанде аз ВАО дар ин хусус асоси воқеӣ надорад.

Дар қисми навбатдории РВКД-и вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки маълумот дар бораи ҳамаи ҳодисаҳои фавқулода дар вилоят маҳз ба онҳо мерасад, аммо оид ба тирпарронӣ дар Леваканд ягон иттилоот ё маълумоте нарасидааст.

“Маъмулан, баъд аз расидани чунин маълумот, гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии кормандони милитсия бетаъхир ба ҷойи ҳодиса сафарбар мешавад, лекин он шом ягон гурӯҳ ба Леваканд нарафтааст”, – қайд карданд дар қисми навбатдорӣ.

Дар дастгоҳи раиси шаҳри Леваканд низ маълумотро оид ба тирпарронӣ дар шаҳр рад карданд.

“Шаҳри мо начандон калон буда, аз рӯйдодҳо дарҳол ҳама огоҳ мешаванд, хусусан, дар шаҳрдорӣ, аммо ягон далели типарронӣ вуҷуд надошт”, – қотеъона қайд карданд дар шаҳрдории Леваканд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, шоми 17-уми ноябр дар назди хонаи тоҷири маъруф Илҳом Ҳотамов (бо номҳои Илҳоми Ботурободӣ ё "Илҳом-Командир" низ маъруф аст) дар Леваканд байни одамони ӯ ва гурӯҳе аз номи моликони бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар тирпарронӣ сурат гирифтааст.

Бозор ба оилаи бонуфуз дар ҷануби Тоҷикистон – Соҳибовҳо тааллуқ дорад, ки ду нафари онҳо – Зоир ва Шамсулло Соҳибовҳо ҳамсарони духтарони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Илҳом-командир собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти халқӣ, феълан тоҷир аст, ки ба содироти пахта тариқи ширкати «Тамер ИНБ» машғул аст.

"Гурӯҳи аввал ба хонаи Ҳотамов Илҳом Шарбатович рафтаанд ва миёни онҳо баҳс сар задааст. Баъдан баҳс то занозанӣ ва тирпарронӣ кашида мешавад," – гуфтааст як манбаи Радио Озодӣ. Ба қавли ӯ, баҳс ба сари замин ва қарз будааст.

Дар Бемористони марказии шаҳри Леваканд ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, он шом ягон нафари маҷруҳро ба беморхонаи онҳо наовардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.