“Толибон” қаттолтарин гурӯҳи террористӣ дониста шуд

Asia-Plus

Соли 2018 ҳаракати “Толибон” (созмони фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон) қаттолтарин гурӯҳи даҳшатафкан дар ҷаҳон эътироф шуд. Дар ин бора дар гузориши Global Terrorism Index 2019, ки онро пажӯҳишгоҳи Institute for Economics and Peace нашр кард, маълумот дода мешавад. Дар ин хусус хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад.

Соли гузашта 6,1 ҳазор нафар аз дасти толибон кушта шудаанд, ки 70% зиёдтар аз соли пешин аст. Созмони террористии ба ном Давлати исломӣ (ДОИШ) дар куштори 1,3 ҳазор кас даст доштааст, ки чандин маротиба нисбат ба соли пешин камтар аст.

Шумори амалҳои содиршуда аз ҷониби ҷангиёни ДОИШ низ кам шудааст. Муаллифони гузориш онро ба амалиёти муваффақона зидди ин гурӯҳ рабт медиҳанд, ки дар Ироқу Сурия торумор карда шуд.

Соли 2018 дар маҷмӯъ 15,9 ҳазор нафар қурбони терроризм шудаанд, ки шумори ҳалокшудагон нисбат ба соли пешин тақрибан 15% камтар мебошад.

Аммо дар Афғонистон, ки айни замон кишвари дорои сатҳи баландтарини фаъолнокии террористӣ аст, қурбониён баръакс зиёд шудаанд. Соли 2018 шумори онҳо 7,3 ҳазор нафар (тақрибан 60% бештар нисбат ба соли пешин)-ро ташкил додааст.

Қаблан намояндагони СММ қайд карда буданд, ки соли 2018 шумори қурбониён байни аҳолии осоиштаи Афғонистон рекордӣ буд.

Дар ҳамин ҳол, гунаҳкорон асосан нерӯҳои зидди ҳукумат шуморида мешуданд. Тақрибан дар чоряки ҳолатҳо одамон бо айби нерӯҳои ҷонибдори ҳукумат – сохторҳои қудратии Афғонистон ва низомиёни хориҷӣ ҳалок шудаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати дифои Афғонистон, соли 2018 дар ин кишвар беш аз 50 ҳазор нафар ҷангиён фаъолият доштаанд, ки 21 созмони террористиро намояндагӣ мекарданд. Аксари онҳо ҷонибдорони “Толибон” ва гурӯҳи наздик ба он – “Шабакаи Ҳаққонӣ” мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...