Ҳаракати нақлиёт дар ағбаҳои Хатлон қатъ нашудааст

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар ағбаҳои вилояти Хатлон вазъ хуб аст ва ҳаракати нақлиёт қатъ нашудааст.

Дар ин бора ба Хабаргузории “Азия-Плюс” аз Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон хабар доданд. 

“Аз нимашаби 21 ба 22 ноябр дар ҳамаи минтақаҳои вилояти Хатлон бориши барф ба назар мерасад. Аз ин хотир ҳамаи хадамотҳои масъул дар ҳолати омодабош қарор доранд. Айни замон ягон ҳолати садама ва ё офатҳои табиӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ағбаҳои қаламрави вилоят ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ нагардидааст. Муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард гурӯҳҳои навбатдории махсусро бо техникаи зарурӣ дар ағбаҳо ташкил кардаанд. Маводи зиддилағзишӣ таъмин аст”, – мегӯяд манбаъ.

Дар навбати худ Насрулло Файзуллозода, сардори Идораи хоҷагии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон хабар дод, ки айни замон барои таъмини ҳаракати муътадили воситаҳои нақлиёт дар ағбаҳои зери назорати онҳо гурӯҳи кормандони ин ниҳод шабонарӯзи навбатдорӣ мекунанд.

“Ҳамзамон 22 адад техникаи зарурӣ сафарбар карда шудааст. Дар маҷмӯъ, зерсохторҳои ин ниҳод дар 13 шаҳру ноҳияи минтақа тамоми чораҳоро барои гузаронидани зимистон дидаанд. Аз 69 техникаи роҳсозию барфрӯбӣ 67 ададаш фаъол аст. Ҳамчунин 1 ҳазору 612 метри мукааб маводи зидилағзишӣ, беш аз 22 тона сӯзишворӣ ва 19 тона ангишт захира шудааст. Барои кормандон либоси гарми корӣ ва хӯроки гарм таъмин карда мешавад”, – афзуд Файзуллозода.

Ситоди ҳолатҳои фавқулодда бо таъкид ба вазъи номусоиди боду ҳаво аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд ва ё аз эҳтиёт кор бигиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.