Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат қариб $5 млн шудааст

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то охири моҳи сентябри соли равон қариб 45 миллион сомониро ташкил додааст. Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар нӯҳ моҳи соли 2019 андозаи қарздорӣ беш аз 17 миллион сомонӣ мебошад, ки нисбат ба маблағи умумӣ 38,8%-ро ташкил медиҳад. Қарздории аз ҳама зиёд дар бахши воқеии намудҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то охири моҳи сентябри соли равон қариб 45 миллион сомониро ташкил додааст.

Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар нӯҳ моҳи соли 2019 андозаи қарздорӣ беш аз 17 миллион сомонӣ мебошад, ки нисбат ба маблағи умумӣ 38,8%-ро ташкил медиҳад.

Қарздории аз ҳама зиёд дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ (дар маҷмӯъ, зиёда аз 31 миллион сомонӣ) дар саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок – 13,6 миллион сомонӣ ва сохтмон – 9 миллион сомонӣ боқӣ мондааст.

Дар бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ қарздории музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта 13,5 миллион сомониро ташкил додааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат дар моҳи сентябри соли равон 1325 сомонӣ ($136) ва музди ҳадди ақал 400 сомониро ташкил додааст.

Музди меҳнати камтаринро дар ҷумҳурӣ кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангалпарварӣ ва моҳипарварӣ (ба ҳисоби миёна 532 сомонӣ) мегиранд. Музди меҳнати аз ҳама баланд дар бонкҳо (3000 сомонӣ) ва соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок (2732 сомонӣ) пардохта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.