Парлумон буҷети Тоҷикистонро барои соли 2020 пазируфт

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ имрӯз, 22-уми ноябр лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020”-ро қабул кард. Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон гуфт, ки қисми даромади буҷети давлатӣ барои соли 2020 дар ҳаҷми 26,1 млрд сомонӣ, хароҷоти он – 26,4 млрд сомонӣ ва касри […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ имрӯз, 22-уми ноябр лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020”-ро қабул кард.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон гуфт, ки қисми даромади буҷети давлатӣ барои соли 2020 дар ҳаҷми 26,1 млрд сомонӣ, хароҷоти он – 26,4 млрд сомонӣ ва касри буҷет ба андозаи 0,4 фоизи дурнамои Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар барои соли 2020 ё ба маблағи 349,5 млн сомонӣ муқаррар карда шуд.

Вай афзуд, ки назар ба буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019, ҳаҷми даромад дар соли оянда ба маблағи 2,3 миллиард сомонӣ ва хароҷот 2,3 миллиард сомонӣ зиёд мешавад.

Ба қавли вазир, дар Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020” ба соҳаи иҷтимоӣ афзалият дода мешавад: дар ин давра барои он масраф кардани 11,7 млрд сомонӣ баробар ба 44,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Вазири молия афзуд, ки дар соли оянда ба ин қонун тағйирот ворид шуда метавонанд. Аммо дақиқ нагуфт, ки чӣ тағйирот ворид хоҳанд шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.