Раисҷумҳур кӯдакистони “Табассуми офтобак”-ро ифтитоҳ кард

Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии "Табассуми офтобак" дар ноҳияи Синои пойтахт имрӯз, 22-юми ноябр бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Забони таълиму тарбия дар ин кӯдакистон ба забонҳои русӣ ва англисӣ роҳандозӣ шудааст. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иншоот аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 300 нафар кӯдак дар як баст пешбинӣ шудааст. Кӯдакистон аз тарафи соҳибкорони […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии "Табассуми офтобак" дар ноҳияи Синои пойтахт имрӯз, 22-юми ноябр бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Забони таълиму тарбия дар ин кӯдакистон ба забонҳои русӣ ва англисӣ роҳандозӣ шудааст.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иншоот аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 300 нафар кӯдак дар як баст пешбинӣ шудааст. Кӯдакистон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст, оилаи Табаралиевҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидааст. Он аз 11 синфхона иборат буда, ҳангоми корҳои сохтмонӣ беш аз 50 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Кӯдакистон ҳамзамон дорои нуқтаи тиббӣ, ошхона, толори мусиқӣ, ҳуҷраи методӣ, кинотеатр, утоқҳои коргарону роҳбарон ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад. Дар таҳхонаи бино ҳавзи шиноварии зимистона, таҷҳизоти барқӣ ва дигар шароити маишӣ ҷойгиранд.

Таълиму тарбия дар ин кӯдакистони хусусӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Масъулин нақша доранд, ки оянда таълимро бо забони тоҷикӣ ҳам ҷорӣ кунанд.

Дар муассисаи наву замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир мебошад, 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, фарзандони сокинони шаҳри Душанбе ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. 

Раисҷумҳур бо кӯдакони ин даргоҳи маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим кардааст.

Ба роҳ мондани таълим аз рӯйи усули нави "математикаи беҳамто" аз бартариятҳои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии "Табассуми офтобак" мебошад.

Дар муассиса барои рушди зеҳнии кӯдакон маҳфилҳои расмкашӣ, кулолгарӣ ва хореография мавҷуд буда, ҷиҳати инкишофи ҷисмонии онҳо машғулиятҳои шиноварӣ ва гимнастикаи солимгардонӣ ба роҳ монда шудааст.

Ин муассиса ба шабакаи гармидиҳӣ низ пайваст мебошад. Ҳамзамон бо азми соҳибкорони ватандӯст зиёда аз як километр роҳ асфалтпӯш гардида, барои таъмини нерӯи барқ як трансформатори тавоноияш 400 кВА насб шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.