Таҷовуз ба номуси духтари 8-сола ва куштори тифли навзод

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Кормандони милитсия дар ноҳияи Вахш Рамазон Салимовро бо гумони таҷовуз ба номуси духтари 8-сола дастгир карданд. Ин ҳодиса баъд аз озод шудани гумонбар аз зиндон пас аз авф ба вуқӯъ омадааст.

“Рамазон Салимови 38-сола дар заминҳои чарогоҳи ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб як ноболиғи ҳаштсоларо ки ба чаронидани чорво машғул буд, дохили заҳкаш бурда, нисбат ба ӯ кирдорҳои бадахлоқонаи шаҳвонӣ содир кардааст, – гуфта мешавад дар гузориши телевизионии ВКД Тоҷикистон. – Гумонбар пас аз чанд соати ин ҷиноят ба нобилиғи дигар дарафтода, бо роҳи зӯрӣ аз ӯ 1 дастгоҳи аудиовизуалиро тасарруф кардааст”.

Тавре ба Asia-Plus сухангӯйи ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ иттилоъ дод, то имрӯз беш аз 60 нафар ашхосе, ки дар ҷараёни маъракаи авф ба озодӣ баромаданд, дубора бо ҷиноятҳои гуногун дастгир шудаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=mdMrb2_hdz0

Кормандони милитсия дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷавонзани 30-соларо бо гумони куштори тифли навзодаш боздошт кардаанд.

Сокинони кӯчаи Ҷалолиддини Румии ноҳияи мазкур дар даҳони сагҳои дайду ҷасади кӯдакро мушоҳида карда, ба милитсия хабар додаанд.

“Дар рафти чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ як ҷавонзани 30-сола, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Дадабой Холматов дастгир шудааст, ки соҳиби оилаи солим ва се фарзанд аст”, – гуфта мешавад дар гузориши телевизионии ВКД Тоҷикистон.

Ҷавонзан ҳангоми фаро расидани зоиш дар зинапояи даромадгоҳи хона кӯдакро солим таваллуд карда, мақсадаш аз ҳаёт маҳрум сохтани тифли навзод будааст. Ҳангоми таваллуд кӯдак аз зинапоя ба замин афтода, сараш осеб мегирад ва чанд муддат гиря карда, пас аз 20 дақиқа ба ҳалокат мерасад. Вай сипас кӯдакро дар халтаи селофанӣ печонида, ба партовгоҳ мепартояд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.