Дар Тоҷикистон ҳаҷми боҷ ва ҷаримаҳоро зиёд намекунанд

Дар лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020”, ки он баъд аз тасдиқи ҳукумати кишвар дар баррасии парлумон қарор дорад, афзоиши ҳаҷми боҷ ва ҷаримаҳо дар соли оянда пешбинӣ нашудааст. “Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2020 низ чун соли ҷорӣ 55 сомонӣ боқӣ хоҳад монд”, – гуфт ба Asia-Plus як манбаъ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020”, ки он баъд аз тасдиқи ҳукумати кишвар дар баррасии парлумон қарор дорад, афзоиши ҳаҷми боҷ ва ҷаримаҳо дар соли оянда пешбинӣ нашудааст.

“Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2020 низ чун соли ҷорӣ 55 сомонӣ боқӣ хоҳад монд”, – гуфт ба Asia-Plus як манбаъ дар бахши иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ.

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2008 мафҳуми “ҳадди ақали музди меҳнат”-ро иваз карда, барои ҳисоби андоз, ҷарима, боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва иловапулӣ истифода мешавад. Он ҳар сол бо назардошти сатҳи таваррум муқаррар мегардад.

Давоми соли равон дар кишвар ҳаҷми боҷ ва ҷаримаҳо 10% афзуд. Ин аз сабаби афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 50 то 55 сомонӣ сурат пазируфт.

Ёдовар мешгавем, ки аз 1-уми январи соли 2015 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҳаҷми 40 сомонӣ, аз 1-уми январи соли 2017 дар ҳаҷми 50 сомонӣ ва аз 1-уми январи соли 2019 дар ҳаҷми 55 сомонӣ муқаррар шуда буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.