Таҷовуз ба номуси духтари 8-сола ва куштори тифли навзод

Кормандони милитсия дар ноҳияи Вахш Рамазон Салимовро бо гумони таҷовуз ба номуси духтари 8-сола дастгир карданд. Ин ҳодиса баъд аз озод шудани гумонбар аз зиндон пас аз авф ба вуқӯъ омадааст. “Рамазон Салимови 38-сола дар заминҳои чарогоҳи ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб як ноболиғи ҳаштсоларо ки ба чаронидани чорво машғул буд, дохили заҳкаш бурда, нисбат ба ӯ кирдорҳои […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Кормандони милитсия дар ноҳияи Вахш Рамазон Салимовро бо гумони таҷовуз ба номуси духтари 8-сола дастгир карданд. Ин ҳодиса баъд аз озод шудани гумонбар аз зиндон пас аз авф ба вуқӯъ омадааст.

“Рамазон Салимови 38-сола дар заминҳои чарогоҳи ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб як ноболиғи ҳаштсоларо ки ба чаронидани чорво машғул буд, дохили заҳкаш бурда, нисбат ба ӯ кирдорҳои бадахлоқонаи шаҳвонӣ содир кардааст, – гуфта мешавад дар гузориши телевизионии ВКД Тоҷикистон. – Гумонбар пас аз чанд соати ин ҷиноят ба нобилиғи дигар дарафтода, бо роҳи зӯрӣ аз ӯ 1 дастгоҳи аудиовизуалиро тасарруф кардааст”.

Тавре ба Asia-Plus сухангӯйи ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ иттилоъ дод, то имрӯз беш аз 60 нафар ашхосе, ки дар ҷараёни маъракаи авф ба озодӣ баромаданд, дубора бо ҷиноятҳои гуногун дастгир шудаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=mdMrb2_hdz0

Кормандони милитсия дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷавонзани 30-соларо бо гумони куштори тифли навзодаш боздошт кардаанд.

Сокинони кӯчаи Ҷалолиддини Румии ноҳияи мазкур дар даҳони сагҳои дайду ҷасади кӯдакро мушоҳида карда, ба милитсия хабар додаанд.

“Дар рафти чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ як ҷавонзани 30-сола, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Дадабой Холматов дастгир шудааст, ки соҳиби оилаи солим ва се фарзанд аст”, – гуфта мешавад дар гузориши телевизионии ВКД Тоҷикистон.

Ҷавонзан ҳангоми фаро расидани зоиш дар зинапояи даромадгоҳи хона кӯдакро солим таваллуд карда, мақсадаш аз ҳаёт маҳрум сохтани тифли навзод будааст. Ҳангоми таваллуд кӯдак аз зинапоя ба замин афтода, сараш осеб мегирад ва чанд муддат гиря карда, пас аз 20 дақиқа ба ҳалокат мерасад. Вай сипас кӯдакро дар халтаи селофанӣ печонида, ба партовгоҳ мепартояд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.