Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар масоили энергетика

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Султон Раҳимзода бо Вазири давлатии энергетика, энергияи нав ва таҷдидпазири Ҳиндустон Раҷ Кумар Сингҳ рӯзи 20-уми ноябр мулоқот кардааст. Тибқи иттилои ВКХ ҶТ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, иштирок дар баҳрабардорӣ аз имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон ва рушди баъдии соҳаи саноат тавассути лоиҳаҳои […]

Asia-Plus

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Султон Раҳимзода бо Вазири давлатии энергетика, энергияи нав ва таҷдидпазири Ҳиндустон Раҷ Кумар Сингҳ рӯзи 20-уми ноябр мулоқот кардааст.

Тибқи иттилои ВКХ ҶТ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, иштирок дар баҳрабардорӣ аз имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон ва рушди баъдии соҳаи саноат тавассути лоиҳаҳои сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нерӯи таҷдидпазир, хусусан нерӯгоҳҳои хуршедӣ, табодули таҷриба ва омодасозии мутахассисон баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо мавҷуд будани зарфиятҳои бузургро дар ин самтҳо зикр намуда, алоқамандии худро ба густариши бештари ҳамкориҳо дар ин замина иброз доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.