Бориши барфи аввал дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе имрӯз, 22-юми ноябр барфи аввал борид. Сарфи назар аз барфрезӣ ва сардии ҳаво, бонувони кӯчарӯб дар саҳни ҳавлии биноҳо ва хиёбонҳои пойтахт машғули коранд. Ин заҳмати онҳо сазовори сипосу қадрдонист! Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 21-24 ноябри соли ҷорӣ аз сабаби воридшавии анбуҳи ҳавои сард аз самти Урал ва қисмати аврупоии […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе имрӯз, 22-юми ноябр барфи аввал борид.

Сарфи назар аз барфрезӣ ва сардии ҳаво, бонувони кӯчарӯб дар саҳни ҳавлии биноҳо ва хиёбонҳои пойтахт машғули коранд. Ин заҳмати онҳо сазовори сипосу қадрдонист!

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 21-24 ноябри соли ҷорӣ аз сабаби воридшавии анбуҳи ҳавои сард аз самти Урал ва қисмати аврупоии Русия ноустувории вазъи обуҳаво дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Рўзҳои 22-24 ноябр дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон бо гузариш ба барфи тар, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф) ба амал меояд. Рӯзҳои 21-22 ноябр дар ноҳияҳои алоҳидаи НТМ, Вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли бавуҷудоии боришоти бошиддат пешгӯйӣ мешавад.

Рўзҳои 22-24 ноябр ҳарорати ҳаво паст шуда, дар водиҳо ва доманакўҳҳо то +1+6 гармиро ташкил медиҳад.

Аз сабаби якуякбора паст шудани ҳарорати ҳаво ва боридани барф дар роҳҳои нақлиётгарди кӯҳии ҷумҳурӣ пайдоиши қабати барф дар назар буда, дар ноқилҳои барқӣ часпидани барфи тар аз эҳтимол дур нест. Ин давра дар бештари қаламрави ҷумҳурӣ фаромадани туман дар назар буда, дурии биниш аз 200 то 500 метрро ташкил медиҳад.

Ба сохторҳои дахлдор оид ба нигоҳдории роҳҳои нақлиётгард тавсия дода мешавад, ки тайёрии пешакиро оиди рафъи ин зуҳуроти номатлуби табиӣ роҳандозӣ намоянд.

Ба кишоварзони ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки аз сабаби ба амал омадани боришоти шиддатнок ва баъдан пастшавии ҳарорати ҳаво ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ, мева ва сабзавотро саривақтӣ амалӣ карда, ба ноустуворшавии вазъи обуҳаво чораҳои пешакӣ андешанд. Ҷиҳати амалӣ намудани корҳои нотамоми сохтмонӣ дар секторҳои хусусӣ ва давлатӣ андешидани чораҳои зарурӣ аз манфиат холӣ нест.

Рӯзҳои 24 то 26 ноябри соли ҷорӣ бо сабаби софшавии ҳаво ва қатъ гардидани боришот, туманфароӣ ва пастшавии ҳарорати шабона дар водиҳо то -0-5 сардӣ, дар доманакўҳҳо то -3-8 сардӣ, дар минтақаҳои кӯҳӣ то -7-12 сардӣ ва дар ноҳияҳои баландкӯҳӣ то андозаи -20-25 сардӣ пешгӯйӣ мешавад.

Дар давраи ноустувории вазъи обуҳаво фишори атмосферӣ баланд шуда, таъсири он ба беморони гирифтори фишорбаландӣ, дил, диабети қанд ва астма дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.