Милитсияи сайёҳӣ дар назди марзи Ӯзбекистон хизмат мерасонад

Дар назди гузаргоҳи наздисарҳадии «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 20-уми ноябр нуқтаи нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба истифода дода шуд. Ҳафтаи гузашта чунин нуқтаи хизматрасонӣ дар гузаргоҳи наздисарҳадии «Саразм»-и шаҳри Панҷакент низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тибқи иттилои ВКД, айни замон 4 нуқтаи милитсияи сайёҳӣ дар вилояти Суғд барои хизмат расонидан ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ кор […]

Asia-Plus

Дар назди гузаргоҳи наздисарҳадии «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 20-уми ноябр нуқтаи нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба истифода дода шуд. Ҳафтаи гузашта чунин нуқтаи хизматрасонӣ дар гузаргоҳи наздисарҳадии «Саразм»-и шаҳри Панҷакент низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилои ВКД, айни замон 4 нуқтаи милитсияи сайёҳӣ дар вилояти Суғд барои хизмат расонидан ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ кор мекунанд. Ба фаъолият шурӯъ кардани чунин нуқтаҳо бо мақсади рушди сайёҳӣ дар кишвар роҳандозӣ шуда, натиҷаи ҳамкории шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД бо ширкати алоқаи мобилии Tcell мебошад.

Дар ин нуқтаҳои хизматрасонӣ, ки дар мавзеъҳои намоёну дастрас ҷойгиранд, сайёҳи муроҷиаткунанда метавонад барои муоширати мобилӣ аз ширкати Tcell симкорти сайёҳии ройгон дастрас кунад, ки дар тавозуни он 100 дақиқа вақт барои зангҳои телефонӣ ва 100 мегабайт интернет барои истифода то ба охир расидани муҳлати раводид, ки 45 шабонарӯзро дар бар мегирад, мавҷуд аст. Ҳангоми дар қайд гузоштан муҳлат тамдид карда мешавад.

Ҳамзамон тариқи бастани шартомаи тарафайн бо шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ба ҷаҳонгардон хизматрасонии роҳбаладӣ аз ҳисоби кормандони милитсияи сайёҳӣ расонида мешавад.

Тибқи маълумоти шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД давоми 9 моҳи соли 2019 тариқи гузаргоҳҳои сарҳадии вилояти Суғд 46 600 сайёҳ вориди Тоҷикистон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.