Муҳаммад Ғоиб: Аз интернет фаҳмидам, ки соҳиби ҷоизаи Чингиз Айтматов шудам

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб соҳиби ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматови Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ шудааст.

Ӯро дар ҷаласаи панҷоҳуми раёсати Ассамблеяи мазкур, ки рӯзи 22-юми ноябр дар толори Думаи қасри Таврическийи шаҳри Санкт Петербург баргузор шуд, сазовори ин ҷоиза донистанд.

Муҳаммад Ғоиб дар суҳбат бо Asia-Plus гуфт, то ҳол аз мақомдорони расмӣ ба ӯ занг назадаанд ва худаш аз интернет соҳиби ҷоиза шуданашро фаҳмидааст.

“Ҳоло дар Бохтар ҳастам. Аз интернет фаҳмидам, ки соҳиби ҷоиза шудам. Аз мақомдорони расмӣ то ҳол маро дар ин бора огоҳ накардаанд. Маро дӯстам воқиф кард, ки номи туро дар телевизиони Русия шунидам. Баъдан аз интернет ҷустуҷӯ карда, дидам, ки соҳиби ҷоиза шудаам. Ҳама асарҳоямро ҷамъ намуда, барои иштирок дар озмуни мазкур фиристода будам. Маълум мешавад, асарҳо писандашон омадааст ва маро сазовори ҷоизаи мазкур донистаанд”, – иброз дошт Муҳаммад Ғоиб.

Вай афзуд, ки аслан барояш ҷоиза муҳим нест: “Барои шоир ва нависанда муҳим он аст, ки асарҳои ӯ тавонанд барои пешрафт ва тафаккури ҷомеа таъсире расонида бошанд. Хушбахтона, осор ва ашъори ман бетаъсир набудаанд, ки онро берун аз кишвар эътироф карданд. Пас аз гирифтани маблағи ҷоиза нақша дорам, шеър ва китобҳои худро ба забони русӣ тарҷума ва нашр кунам. Инчунин ду-се филмнома навиштаам, ки аз моҳи январ ба сабти онҳо шурӯъ мекунанд”.

Ҷоизаи ӯро ба раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев супориданд, ки ба раёсати Ассамблея барои шарафёб гардонидани Муҳаммад Ғоиб изҳори сипос кард.

Қобили зикр аст, ки ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов соли 2012 таъсис ёфтааст ва он ба намояндагони шинохтаи адабиёту фарҳанги Иттиҳоди давлатҳои мустақил тақдим мешавад. Маблағи ҷоизаи мазкур 30 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Муҳаммад Ғоиб 16-уми марти соли 1954 таввалуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб аст. Аз соли 1977 ба ҳайси мухбири Кумитаи телевизион ва радио дар минтақаи Кӯлоб фаъолият карда, аз соли 1987 то соли 1990 мухбири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар ин минтақа буд. Ӯ солҳои 1990-1995 раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои собиқ вилояти Кӯлоб ва 1995-1997 роҳбари қароргоҳи ҳукуматии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб буд. Инчунин солҳои 1997-2000 раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, аз соли 2000 то 2004 муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2004 сарвари Киностудияи “Тоҷикфилм” таъин шуда, онро то соли 2008 роҳбарӣ кардааст. Аз соли 2008 то 2012 сарвари Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон буд. Аз соли 2012 то вақти нафақа сардабири рӯзномаи “Ҷумҳурият” буд.

Ӯ дорандаи ордени “Шараф”, унвони Шоири халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, медали ҷашнии “100-солагии матбуоти тоҷик” ва барандаи ҷоизаи ба номи Шамсиддини Шоҳин мебошад.

Номбурда зиёда аз 50 асар, аз ҷумла, “Турнаҳо”, “Роҳи деҳа”, “Меҳри гиёҳ”, “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст”, “Шоҳи Ҳамадон” эҷод кардааст. Ӯ муаллифи филмномаҳои “Гумгаштапайдо”, “Пуштаи хандақпеч”, “Ҳасрати дидор”, “Вафодор” ва ғайра мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.