Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи байнулмилалии муштзанӣ пирӯз шуд

Муштзани маъруфи Тоҷикистон Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Шокир Болтеулу дар Қазоқистон соҳиби медали тилло шуд. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, мусобиқа рӯзҳои 21-24 ноябр дар шаҳри Актау бо иштироки беш аз 70 варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Русия ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Баҳодур дар вазни -63 кг дар […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Муштзани маъруфи Тоҷикистон Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Шокир Болтеулу дар Қазоқистон соҳиби медали тилло шуд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, мусобиқа рӯзҳои 21-24 ноябр дар шаҳри Актау бо иштироки беш аз 70 варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Русия ва Ӯзбекистон баргузор шуд.

Баҳодур дар вазни -63 кг дар даври аввал бар Темирлан Кенирбаев, сипас бар Бағдат Увайдаев, дар нимфинал бар Зокир Сафиуллин ва дар финал бар Эртуган Зайнулинов (ҳама аз кишвари мизбон) ғалаба карда, ҷойи аввалро ишғол намуд.

Намояндаи дигари кишвари мо Иззатулло Алиев (вазни -52кг) дар даври аввал аз ҳарифи қазоқаш Куаниш Дуйсебай мағлуб гашт.

Ёдовар мешавем, ки ин шашум медали Баҳодур Усмонов дар соли 2019 мебошад. Ӯ медали тиллои Чемпионати Осиё ва дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ 2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.