Табодули пешакии маълумот байни мақомоти гумруки Тоҷикистону Ӯзбекистон

Мақомоти гумруки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт, ки тариқи сарҳадоти ду кишвар ҳамлу нақл мешавад, пешакӣ табодули маълумот мекунанд. Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки санади таҳияшуда байни мақомоти гумруки кишварҳо маъқул дониста шавад. Зарурати ба имзо расидани чунин қарордод “беҳбуди самаранокии назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт”, ки тариқи сарҳад мегузаранд, маънидод […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мақомоти гумруки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт, ки тариқи сарҳадоти ду кишвар ҳамлу нақл мешавад, пешакӣ табодули маълумот мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки санади таҳияшуда байни мақомоти гумруки кишварҳо маъқул дониста шавад.

Зарурати ба имзо расидани чунин қарордод “беҳбуди самаранокии назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт”, ки тариқи сарҳад мегузаранд, маънидод мешавад.

Ҳамчунин дар назар аст, ки санади мазкур ба фароҳам сохтани шароити мусоид барои савдо байни кишварҳо мусоидат мекунад.

“Ҷонибҳо доимо зимни анҷоми расмиёти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, ки аз қаламрави ҳамсоякишвар ворид мешавад, агар нуқтаи таъинот ё хатсайри транзит дар дигар ҷониб воқеъ бошад, на камтар аз ду соат то убури сарҳади гумрукӣ табодули маълумот мекунанд”, – қайд мешавад дар лоиҳаи санад.

Гуфта мешавад, маълумоти дастрасшуда махфӣ буда, танҳо баҳри иҷрои мақсадҳои мақомоти гумрук истифода мешавад.

Барои дигар мақсадҳо маълумот танҳо бо розигии хаттии Тарафе, ки онро пешниҳод кардааст, истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки тайи се соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон босуръат боло рафта, давоми нуҳ моҳи соли равон қариб 295 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23% бештар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.