Кумаки блогерони тоҷик ба мусалмонони Роҳинҷа дар Бангладеш

Блогерони тоҷик бо мақсади кумак ба ҳазорон шаҳрванди Мянмар, ки дар пайи таъқибу куштори мусалмонҳои Роҳинҷа ба ҳамсоякишвар фирор карда буданд, ба Бангладеш рафтанд. Парвиз Иброҳимов, ки дар YouTube саҳифаи “Путь к Добру” (Роҳ ба сӯйи некӣ)-ро гардон мекунад, айни ҳол дар Бангладеш қарор дорад. Ӯ дар суҳбат бо Asia-Plus мақсади ба он ҷо рафтанашро […]

Блогерони тоҷик бо мақсади кумак ба ҳазорон шаҳрванди Мянмар, ки дар пайи таъқибу куштори мусалмонҳои Роҳинҷа ба ҳамсоякишвар фирор карда буданд, ба Бангладеш рафтанд.

Парвиз Иброҳимов, ки дар YouTube саҳифаи “Путь к Добру” (Роҳ ба сӯйи некӣ)-ро гардон мекунад, айни ҳол дар Бангладеш қарор дорад. Ӯ дар суҳбат бо Asia-Plus мақсади ба он ҷо рафтанашро ёрӣ расонидан ба гурезагон ва нишон додани фарқи зиндагии онҳо бо ҳаёти аҳолии Тоҷикистон унвон кард.

“Ҳадафи ба сарҳади Бангладеш ва Мянмар омадани мо кумак ба бародарони мусалмон аст, ки дар азобанд. Ду сол пеш вақте инҳоро мекуштанду азият медоданд, ҳама дар Интернет менавиштанд ё мегуфтанд: “Мо барои кумак омодаем. Чизе аз дастамон ояд, дареғ намедорем”. Аз байн 2 сол гузашт, аммо ягон нафар ба ин ҷо сафар накард ва кумак ҳам нафиристод. Тасмим гирифтам, ба ин ҷо оям ва аз ҳаёти фирориён гузоришҳо омода намоям”, – иброз дошт Парвиз.

Ба гуфтаи ӯ, вақте ба назди гурезагон рафтанд, аксари мардуми маҳаллӣ хоҳиш мекарданд, то кумакашон намоянд.

Мақсади асосии блогерони тоҷик нишон додани фарқи зиндагии тоҷикон бо фирориёни Роҳинҷа будааст: “Қисме аз ҳамватанони мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз зиндагии худ шикоят мекунанд. Шароитамон вазнин, ба мо ёрӣ расонед ва монанди инҳо. Замоне ин ҷо омадам, бо чашми сар дидам, ки мардум дар кадом шароит зиндагӣ доранд. Хостам бо гузоришу видеоҳои худ ба мардуми Тоҷикистон расонам, ки ҳарчанд қисми зиёди сокинони мо дар муҳоҷиратанд, беҳтарин зиндагиро ба сар мебарем. Мехоҳам дар видеоҳои худ ҳақиқатро нишон диҳам, то каме ҳам бошад, мардуми камбағали Тоҷикистонро шод гардонам, ки онҳо беҳтар аз ин мардум зиндагӣ мекунанд”.

Маблағҳои кумакпулӣ ва хароҷоти роҳи блогерони тоҷикро сармоягузорон ва бинандагони саҳифаашон пардохт мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ашхоси наворҳои онҳоро тамошо мекарда занг зада, мегӯянд, барои сохтани ин ё он иншоот мо сармоягузорӣ мекунем.

“Аз сабаби он ки қисми зиёди тамошобинон муҳоҷиронанд, мо лоиҳаи “Ганҷи муҳоҷир”-ро роҳандозӣ кардем. Агар ин ҷо қубури обкашӣ месозем ё ҷоеро таъмир мекунем, ҳатман нишонае аз Тоҷикистон – парчами кишварамон ва номи лоиҳаи “Ганҷи муҳоҷир”-ро мемонем”, – афзуд Парвиз.

Айни замон онҳо кандани 20 чоҳи обкашӣ, таъмири чанд хона ва як мадрасаро дар нақша доранд. Инчунин ба зиёда аз 100 нафар кӯдакони ятиму бепарастор либос харида, ҳадя кардаанд.

Сипас онҳо нақша доранд, ки ба Арабистони Саудӣ, Туркия ва ё Дубай рафта, дар бораи зиндагии мардуми он шаҳру кишварҳо низ барои тоҷикистониён гузоришҳо омода кунанд. Зимнан муайян кардаву нишон доданиянд, ки бештар кадом қишри аҳолӣ ба Худованд шукргузорӣ мекунад – мардуми камбизоат ё сарватманд.

Парвиз Иброҳимов мегӯяд, на дар ҳама ҷойи кишварамон ҷоҳи об канда мешавад: “Дар Тоҷикистон он ҷойҳое, ки метавон чоҳ канд, мардум худашон об баровардаанд. Дар баъзе минтақаҳо ҳатто агар чоҳ биканӣ, об намебарояд. Барои об гузарондан маблағи калон лозим аст, ки мо надорем. Дар ин ҷо барои сохтани як қубури обкашӣ барои мо 100-150 доллар басанда аст. Фарқ байни ин ҷо ва Тоҷикистон аз замин то осмон аст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.