Раиси шаҳри Бӯстон Анисаи 13-соларо, ки зери тепловоз монда буд, хабар гирифт

Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода аз ҳоли Аниса Насимзода, ки зери чархи тепловоз монда буд, хабар гирифтааст. Раъно Ҳошимзода тӯли як соат бо Аниса дар мавзӯъҳои гуногун суҳбат карда, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки сабур бошад, иттилоъ медиҳад Sugdnews. Айни ҳол духтари маҷруҳ дар хона табобат мегирад. Раиси шаҳри Бӯстон ба шахсони масъул супориш додааст, […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода аз ҳоли Аниса Насимзода, ки зери чархи тепловоз монда буд, хабар гирифтааст.

Раъно Ҳошимзода тӯли як соат бо Аниса дар мавзӯъҳои гуногун суҳбат карда, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки сабур бошад, иттилоъ медиҳад Sugdnews. Айни ҳол духтари маҷруҳ дар хона табобат мегирад.

Раиси шаҳри Бӯстон ба шахсони масъул супориш додааст, ки барои Аниса омӯзгорони ботаҷрибаро таъмин созанд. Ӯ ҳамчунин аз волидони духтар хоҳиш кардааст, ки барои ҳалли масоили пайдошуда ба роҳбарияти шаҳр муроҷиат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки хонандаи синфи 7-и гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон Аниса Насимзода рӯзи 28-уми август зери чархи тепловоз монда буд. Рӯзи ҳодиса Аниса таъҷилан ҷарроҳӣ шуда, пойи чап ва қисмате аз дасташро буриданд.

Қаблан шоҳидони ҳодиса хабар дода буданд, ки бо вуҷуди хеле наздик омадани тепловоз, духтари 13-сола аз роҳи оҳан гузаштанӣ шудааст, аммо пойафзолаш байни релсҳо дармондааст. Ронанда (машинист)-и тепловоз талош кардааст, ки онро фавран боздорад, вале ин барояш саривақт муяссар нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.