Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад! АНОНС – Дар доираи Киноҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ” соати 11:00 дар кинотеатри “Ватан” филми «Хонаи кӯҳна» (2018, 11 дақ. Коргардон: Зарина Хоҷимуродова, Олеся Соина) ва сипас филми «Ҳаворӣ 2019» (2018, 29 дақ. Коргардон: […]

Asia-Plus

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

– Дар доираи Киноҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ” соати 11:00 дар кинотеатри “Ватан” филми «Хонаи кӯҳна» (2018, 11 дақ. Коргардон: Зарина Хоҷимуродова, Олеся Соина) ва сипас филми «Ҳаворӣ 2019» (2018, 29 дақ. Коргардон: Шоҳҷамшед Умарӣ) намоиш дода мешавад. Соати 18:00 дар толори киностудияи “Тоҷикфилм” намоиши филми Далер Раҳматов “Сафари ҳавоӣ” (2018) доир мегардад. Даромад ба ҳамаи намоишҳо ройгон аст.

– Дар мусобиқаи Ҷоми Осиёи Марказӣ байни мунтахабҳои ҷавонони занона бозиҳои даври 4-ум баргузор мешаванд. Соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Эрон ва дар ҳамин вақт дар Варзишгоҳи маказии Душанбе бозии тимҳои Афғонистон ва Қирғизистон баргузор мешавад. Соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон вомехӯранд.

– Дар Қазоқистон мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба гуштини камарабандӣ оғоз мешвавад, ки дар он варзишгарони вилояти Суғд иштирок мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6944 сомонӣ;

1 евро – 10.6803 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1517 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи умумиҷаҳонии иттилоот.

2001 – Президент Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи ифтитоҳи сафорати ҶТ дар Афғонистон фармон ба имзо расонид.

2013 — Дар Тоҷикистон барои плагиат (дуздии адабӣ, асардуздӣ) масъулияти маънавӣ ҷорӣ гардид.

1946 – Зодрӯзи ҳунарпешаи театр ва кино Тағоймурод Розиқов.

1961 – Мавлуди раққоса ва овозхон Ширинмоҳ Ниҳолова.

1966 – Зодрӯзи журналист Парвиз Амирҷонов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 4+9 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5-10° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар ВМКБ —  Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6° хунук, рӯзона 2+7 гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар НТМ  — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5 хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2 гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.   

Дар шаҳри Хоруғ —   Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.