Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

– Дар доираи Киноҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ” соати 11:00 дар кинотеатри “Ватан” филми «Некӣ» (2018, 12 дақ. Коргардон: Муҳаммадрабӣ Исмоилов) ва сипас «Дуғоб» (2018, 35 дақ. Коргардон: Зайнолобуддин Мусо) намоиш дода мешаванд. Соати 18:00 дар толори киностудияи “Тоҷикфилм” намоиши филми «Духтарон аз Суғдиён» (1987. Коргардон: Муқаддас Маҳмудов) доир мегардад. Даромадан ройгон аст.

– Дар Малайзия Мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба теннис байни дастаҳои наврасони Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистонро 4 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6935 сомонӣ;

1 евро – 10.6813 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1513 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1932 — Бо фармони КИМ ҶШС Тоҷикистон шаҳри тобеи вилояти Хоруғ таъсис дода шуд.

1963 – Дар Душанбе комбинати равғану чарбу ба фаъолият оғоз кард.

1992 – Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

2010 — Бо мусоидати Ҷопон роҳи мошингарди Душанбе – Панҷи Поён ба истифода дода шуд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад.

1915-1945 – Зодрӯзи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмат Шарифов.

1956 – Мавлуди арбоби давлатӣ Бахтиёр Худоёров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд —  Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 гарм, рӯзона 6+11 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар ВМКБ —  Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5° хунук, рӯзона 4+9 гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.

Дар НТМ  — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то -10 хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе —  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5° хунук, рӯзона 5+7° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.   

Дар шаҳри Хоруғ —  Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...