Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи “Ҳайят Риҷенси” дар Душанбе маҷлиси иқтисодӣ-2019 дар мавзӯи “Рушди рақобатпазирии комплекси агросаноатии Тоҷикистон” баргузор мешавад.

– Дар Бишкек иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир мегардад.

– Дар доираи Киноҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ” соати 11:00 дар кинотеатри “Ватан” филми «Хонаи меҳр» (2018, Коргардон: Бобоҷон Муҳтоҷиён) ва сипас «Аз баландии парвоз» (2019, Коргардон: Акмал Восидӣ) намоиш дода мешавад. Соати 18:00 дар толори киностудияи “Тоҷикфилм” намоиши филми «Қисмати шоир» (1959 Коргардон: Борис Кимёгаров) дар назар аст. Даромадан ройгон аст.

– Бозиҳои даври панҷуми охирини Ҷоми Осиёи Марказӣ оид ба футбол байни мунтахабҳои занонаи ҷавонон: Тоҷикистон – Ӯзбекистон (Ҳисор, оғоз соати 14.00), Қирғизистон – Туркманистон (Варзишгоҳи марказии Душанбе, оғоз соати 14.00), Эрон – Афғонистон (Варзишгоҳи марказии Душанбе, оғоз соати 17.00).

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6932 сомонӣ;

1 евро – 10.6732 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1513 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1947 – Шумораи нахустини маҷаллаи «Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» нашр шуд.

2010 — Бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими бастани маҷрои дарёи Вахш барои сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Сангтӯда-2 доир гардид.

1950 – Зодрӯзи овозхони опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Владимир Каримов.

1951 – Мавлуди нависанда Амир Сайиди Мункӣ.

1954 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Равшани Раҳмонӣ.

1970 – Мавлуди рӯзноманигор Саидмуроди Хоҷазод.

1989 — Зодрӯзи журналист Абдулло Ашӯров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд —  Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2-7° хунук, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар вилояти Хатлон —  Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона 8+13 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Дар ВМКБ —  Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти суст (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8° хунук, рӯзона 2+7 гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то -23 хунук, рӯзона 2-7° хунук мешавад.

Дар НТМ  — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе —  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5 хунук, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2° гарм, рӯзона 10+12° гарм мешавад.   

Дар шаҳри Хоруғ —  Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо боришоти суст (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5° хунук, рӯзона 5+7° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...