Суд парвандаи зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабовро ба прокуратура баргардонд

Asia-Plus

Додгоҳи Твери шаҳри Маскав тасмим гирифт, ки парвандаи яке аз иштирокчиёни “Парвандаи Маскав”, зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабовро, ки ба таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳукумат дар гирдиҳамоии рӯзи 27-уми июл айбдор мешавад, ба прокуратура баргардонад.

Тавре “Новая газета” хабар медиҳад, судя Мария Сизинтсева қайд кардааст, ки дар хулосаи айбнома ҷойи содир шудани ҷиноят саҳеҳ зикр нашудааст.

Сергей Бадамшин, ҳимоятгари Раҷабов гуфтааст, хонае, ки дар парванда ҳамчун макони содир шудани ҷиноят нишон дода мешавад, дар асл вуҷуд надорад.

Дар ҳамин ҳол, суд чораи пешгирӣ нисбат ба Раҷабовро тағйир надода, ӯ то 27-уми декабр дар боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) нигоҳ дошта мешавад. Ҳимоятгар дар посух оид ба масъалае мушкилӣ кашидааст, ки ба ҷараёни тафтиши парванда чӣ гуна ба прокуратура баргардонидани он таъсир расондааст.

Самариддин Раҷабов рӯзи 27-уми июл дар гирдиҳамоии эътирозӣ дар Маскав боздошт шуда, аз 2-юми август дар ҳабс қарор дорад.

То ҳабс Самариддин бо лақаби MarDD сурудҳои реп эҷод карда, дар тиҷорати сохтмон кор мекард ва гоҳ-гоҳ дар иқдомҳои эътирозӣ ширкат меварзид.

Самариддин айни замон дар содир кардани ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи КҶ Русия – иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ ва истифодаи зӯроварӣ нисбат ба корманди пулис айбдор шуда, ба ӯ то 11,5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...