Қарзи дохилии Тоҷикистон бо пули миллӣ афзуда, бо асъори хориҷӣ коҳиш ёфт

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи дохилии Тоҷикистон бо пули миллӣ ба маблағи 50 млн. сомонӣ афзуд.

Тавре Вазорати молияи ҶТ хабар медиҳад, ба ҳолати 1 октябр ҳаҷми қарзи дохилӣ 6,9 млрд. сомонӣ (аввали сол – 6,85 млрд. сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, ба 1 октябри соли ҷорӣ ҳаҷми ин қарзҳои давлатӣ бо доллари ИМА аз 750 млн. доллар дар аввали сол то ба 715 млн. доллар коҳиш ёфтааст.

Коҳиши ҳаҷми қарзи хориҷӣ ба гумони ғолиб ба тағйироти қурбӣ вобаста аст: давоми 9 моҳ қурби доллар нисбат ба сомонӣ 2,8% зиёд шуд – аз 9,4298 сомонӣ то 9,6960 сомонӣ барои 1 доллар.

Дар сохтори қарзи дохилии кишвар беш аз 40%-ашро коғазҳои қиматнок (векселҳо) барои дастгирии молиявӣ (рекапитализатсия)-и ду бонки мушкилдори кишвар – «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин ин қарзҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки Вазорати молия барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти гуногуни давлатӣ ба вуҷуд омадаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон аз оғози сол қариб бетағйир боқӣ мемонад.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, ба 1 октябри соли 2019 қарзи давлатӣ 3,6 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки ба 44,7%-и ММД баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...