Мақоми 114-уми Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳои шукуфои ҷаҳон

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар раддабандии ҷаҳонии кишварҳои шукуфои Legatum Prosperity Index-2019 Тоҷикистон байни 167 давлат зинаи 114-умро ишғол кард.

“Тоҷикистон дар сармояи инсонӣ ва солимӣ нишондиҳандаҳои баландтарин ва дар озодии шахсӣ нишондиҳандаҳои паст дорад. Дар қиёс бо даҳсолаи пеш беҳбуди аз ҳама назаррас дар сармояи иҷтимоӣ ба вуҷуд омадааст”, – қайд мешавад дар рейтинг.

Тавре муаллифони он зикр мекунанд, аз соли 2009 Тоҷикистон дар ин раддабандӣ 8 зина боло рафтааст.

Зимни таҳияи рейтинг муҳаққиқон нишондиҳандаҳои зеринро мавриди омӯзиш қарор додаанд: сифати иқтисод, муҳити тиҷорат, идоракунии давлатӣ, озодии шахсӣ, сармояи иҷтимоӣ, амният, маориф, тандурустӣ ва муҳити зист.

Миёни кишварҳои узви ИДМ Қазоқистон мақоми 68-ум, Беларус – 73, Русия – 74, Қирғизистон – 88, Ӯзбекистон – 103 ва Туркманистон зинаи 108-уро касб кардаанд.

Дар зинаҳои аввали раддабандӣ Дания, Норвегия, Швейтсария ва дар зинаҳои охири он Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Яман ва Судони Ҷанубӣ ҷойгир шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...