ҲИИТ замони баргузории анҷуманашро муайян кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Анҷумани пеш аз интихоботи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) рӯзи 15-уми декабр дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” раиси ҳизб, доктори илмҳои иқтисод, вакили палатаи поёнии парлумон Олимҷон Бобоев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар парлумони ояндаи кишвар, ки маъракаи интихобот аввали моҳи март доир мегардад, ҲИИТ фраксияи худро таъсис доданист.

“Дар анҷумани пешазинтихоботӣ шумори номзадҳо ба вакилӣ аз ҲИИТ муайян карда мешавад”, – иброз дошт Бобоев.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки айни замон ҲИИТ ба таҳияи барномаи пешазинтихоботии ҳизб машғул аст, ки ба пешниҳодот дар бораи эҳёи иқтисоди Тоҷикистон ва баргузории ислоҳот дар бахши иқтисоди миллӣ асос ёфтааст.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 2005 таъсис ёфта, фарогири наздики 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар аст. Се намояндаи ҳизб аз рӯйи натиҷаҳои интихоботи моҳи марти соли 2015 соҳиби курсиҳои вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ шуданд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, 90 рӯз пеш аз баргузории интихобот ба парлумон сарвари давлат расман санаи дақиқи онро эълон карда, то 75 рӯз пеш аз интихобот ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадоранд, анҷуманҳои пешазинтихоботии худро гузаронанд.

Ҳизби демократи Тоҷикистон қаблан эълон дошта буд, ки анҷумани пешазинтихоботии худро 15-уми декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мекунад.

То имрӯз санаи дақиқи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунист, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ ва Ҳизби аграрӣ таъин нашудааст.

Тибқи қонунгузории интихоботии кишвар, 22 нафар аз 63 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ, ки дар анҷумани пешазинтихоботӣ тасдиқ шудааст, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлси Олии ҶТ интихоб мешаванд. Ҳамзамон 41 вакили палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...