Комилан қатъ шудани интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар робита ба фарорасии фасли сармо ва бо мақсади таъмини талаботи дохилии кишвар содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон қатъ шуд.

Тавре як манбаи огаҳ аз ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод, мувофиқи созишҳои қаблан ҳосилшуда, Душанбе танҳо дар давраи аз моҳи апрел то октябр, вақте ки талаботи дохилии Тоҷикистон пурра таъмин аст, ба Ӯзбекистон барқ интиқол медиҳад.

Давоми моҳои январ-сентябри соли равон Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ҳудуди 1,5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот кард.

Аз моҳи сентябр содироти барқ ба ҳамсоякишвар коҳиш ёфта, нимаи моҳи ноябр Тоҷикистон интиқоли онро ба Ӯзбекистон комилан қатъ кард. Аввали моҳи апрели соли оянда содироти барқ дубора шурӯъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти манбаъ, айни замон интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон то ҳадди камтарин поин бурда шудааст.

Агар моҳи август ба Афғонистон шабонарӯзӣ ба ҳисоби миёна 10 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешуд, имрӯз ин рақам то ҳудуди 750-800 ҳазор кВт/соат коҳиш ёфтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...