Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар шаҳри Тошканд бо раиси пойтахти Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев дидору гуфтушунид кард. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шаҳрдории пойтахти Ӯзбекистон, ҳокими Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев муносибатҳои чандинасра ва ҳамсоягии мардуми тоҷику ӯзбек, фарҳангу расму оин ва анъанаҳои муштараку мазҳаби ягонаро, ки робитаҳои дӯстии сокинони ду кишварро таҳким мебахшанд, қайд намуд. Вай афзуд, ки Тошканд ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо бо Душанбе омода аст.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Рустами Эмомалӣ аз пазироии самимона изҳори сипос кард. Ӯ гуфт, ки шаҳрдории Душанбе ба тағйироту навсозиҳо дар Тошканд таваҷҷуҳ дошта, дар ин самт бо таҷрибаи пойтахти Ӯзбекистон дар бахши сохтмон аз наздик шинос шуданист.
Ба ғайр аз ин, ӯ ёдрас кард, ки соли оянда баргузории Рӯзҳои Тошканд дар Душанбе ва ҳамоиши ҷавонон дар чаҳорчӯби он ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ созишнома дар бораи амалисозии нақшаи чорабиниҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳанг байни шаҳри Тошканд ва шаҳрдории Душанбе барои давраи солҳои 2020-2021 ба имзо расид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


