Тавсияи захираи маблағ ба ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолати заминларзаҳои харобиовар

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки барои бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ дар фонди махсуси захиравӣ маблағ пасандоз кунад.

“Беш аз 60%-и аҳолии Тоҷикистон дар минтақаҳои аз лиҳози заминҷунбӣ хатарнок зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ, офатҳои табиӣ ба суботи иқтисодӣ ва молиявӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд”, – қайд мешавад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Баланд шудани хавфҳои молиявӣ дар Тоҷикистон”.

Бо такя ба маълумоти Барномаи рушди СММ зикр мегардад, ки танҳо обхезӣ ва селҳои соли 2015 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 млн. доллар зиён оварданд.

Муаллифони гузориш аз эҳтимол дур намедонанд, ки хатарҳои марбут ба аҳолӣ уҳдадориҳои имконпазири давлатро ҳам ба миён мегузоранд.

“Бо вуҷуди аз ҷониби ҳукумат таъсис дода шудани як қатор фондҳо, воқеан онҳо бо захираҳои кофӣ барои рӯйпӯш кардани хароҷоти кишвар аз офатҳои табиӣ таъмин нашуда буданд”, – таъкид мекунанд онҳо.

Дар гузориш гуфта мешавад, имконоти молиявии ҳукумат дар мавриди рафъи ин оқибатҳо хеле маҳдуд аст.

Сарфи назар аз ин, таъкид мекунанд коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, тадбирҳои баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба офатҳои табиӣ аз нуқтаи назари молиявӣ андешида мешаванд.

Бонки ҷаҳонӣ тавсия медиҳад, ки барои сабуктар сохтани оқибати офатҳои табиӣ минбаъд низ талош варзида шавад. Аз ҷумла, ҷамъоварии маблағ дар фонди захиравӣ, ки барои вокуниши фаврӣ ба офатҳои табиӣ ва рафъи пайомади онҳо пешбинӣ мешавад.

Ҳамчунин ҷорӣ кардани механизмҳои мукаммали суғурта ва мунтазам ҷамъоварии маълумот дар бораи хароҷоти вобаста ба офатҳо тавсия шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...