Замони баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон таъин шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 4-уми декабр Фармонро дар бораи рӯзи 1-уми марти соли 2020 баргузор кардани интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вакилони маҷлисҳои ВМКБ, вилояҳо ва шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ба имзо расонид. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.

Интихоботи вакилон ба маҷлисҳои ҷамоат ва шаҳракҳо низ 1-уми март баргузор мешавад.

Бо ҳамин фармони сарвари давлат замони баргузории интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ рӯзи 27-уми марти соли 2020 таъин шуд.

Тибқи қонунгузории интихоботии кишвар, 22 нафар аз 63 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ, ки дар анҷумани пешазинтихоботӣ тасдиқ шудааст, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлси Олии ҶТ интихоб мешаванд. Ҳамзамон 41 вакили палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб мешаванд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, 90 рӯз пеш аз баргузории интихобот ба парлумон сарвари давлат расман санаи дақиқи онро эълон карда, то 75 рӯз пеш аз интихобот ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадоранд, анҷуманҳои пешазинтихоботии худро гузаронанд.

Қаблан хабар дода будем, ки рӯзи 15-уми декабр дар Душанбе анҷуманҳои пеш аз интихоботии Ҳизби демократ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор мешаванд.

То имрӯз санаи дақиқи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунист, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ ва Ҳизби аграрӣ таъин нашудааст.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки анҷумани ин ҳизб нимаи дуюми моҳи декабр баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки дар интихоботи навбатӣ ба парлумони кишвар ҳизб тактикаашро иваз мекунад.

“Дар интихоботи навбатӣ ба парлумон ҲСДТ тактикаи сиёсати пешазинтихоботиашро тағйир хоҳад дод. Агар дар интихоботи соли 2015 мо аз рӯйхати ҳизбӣ 22 номзад пешниҳод карда будем, ин дафъа шумори онҳоро кам карда метавонем”, – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, чанде аз номзадҳои эҳтимолии ҳизб ба вакилии парлумон дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, ояндаи наздик аз Русия ба Ватан бармегарданд.

“Як қисми муайяни фаъолони ҳизби мо айни замон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошта, ният дорем, ки маҳз онҳоро номзад пешбарӣ кунем”, – қайд кард Раҳматилло Зойиров.

Вай афзуд, номзадҳои имконпазир ба вакилӣ аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ба ӯ итминон додаанд, ки нимаи моҳи декабр ба Тоҷикистон баргашта, ба муборизаи пешазинтихоботӣ мепардозанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...