БОР барои бунёди роҳ аз канори обанбори Роғун $110 млн. ҷудо мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) барои сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод 110 млн. доллар кумаки бебозгашт ҷудо мекунад. Роҳи амалкунанда байни маҳаллаҳои аҳолинишин ояндаи наздик зери обанбори нерӯгоҳи Роғун мемонад.

Намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки пешниҳоди кумаки молиявӣ рӯзи 5-уми декабр аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк маъқул дониста шуд.

“Ин роҳи муҳими долони байнулмилалист, ки дастрасии 17 маҳаллаи аҳолинишинро ба имконот ва хизматгузориҳои иҷтимоӣ таъмин мекунад, – иброз дошт ӯ. – Дар лоиҳа бунёди наздики 75 километр роҳи духата ва якчанд пулу нақб пешбинӣ шудааст”.

Сривастава қайд кард, ки амалисозии лоиҳа дар се марҳила ба нақша гирифта шуда, маблағҳои аз ҷониби БОР ҷудомешуда ба сохтмони қитъаи аввали роҳи Обигарм – Тоҷи Қамар бо масофаи 30 километр равона мегарданд.

Ба гуфтаи намояндаи доимии БОР, дар ин қитъа бунёди ду нақб бо масофаи умумии 3,3 километр дар назар аст.

“Фурсат кам буда, то замони зери об рафтани роҳи ҳозира, ин қитъа бояд то соли 2023 сохта шавад”, – гуфт ӯ.

Тибқи маълумоти пешакӣ, барои бунёди ин роҳ аз канори обанбор дар маҷмӯъ ҳудуди 350 млн. доллар маблағ зарур аст.

Барои маблағгузорӣ ба лоиҳаи мазкур ҳукумат ба дигар шарикони рушд низ муроҷиат кардааст.

Дар назар аст, ки маблағҳои иловагиро Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ҳамчунин Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ пешниҳод мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...