Дар Эрон умедвори сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишваранд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

“Дар 13-умин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ ва фаннии Тоҷикистону Эрон дар бораи рушди ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ ва илмӣ тавофуқ ҳосил шуд”, – изҳор дошт вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён дар маросими рӯнамои китоби раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” дар Теҳрон. Вай изҳори умедворӣ кард, ки ояндаи наздик сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон сурат мепазирад.

Ба иттилои хабаргузории ИРНА, дар ҷаласа доир ба ҳамкории илмӣ, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва омода кардани мутахассисон ба мувофиқа расиданд.

“Умедворем, дар ояндаи наздик низ бо сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон заминаи густариши ин равобит ва ҳамчунин шурӯъи фаъолиятҳои ҷадид дар ҷиҳати тавсеаи беш аз пеши масоили иқтисодӣ фароҳам шавад”, – изҳор дошт Ризо Ардакониён, раиси эронии Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ ва фаннии Тоҷикистону Эрон.

Вай бо ишора ба ин ки ҳафтаи ҷорӣ нишасти ин Комиссия дар шаҳри Теҳрон баргузор шудааст, гуфт: “Дар 13-умин иҷлоси Комиссияи муштарак тавофуқоти арзишманде ҷиҳати тавсеаи равобити иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ба даст омадааст”.

Ардакониён афзуд: “Бо вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон ба унвони раиси тоҷики Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар тавофуқ кардаем, аз зарфиятҳои илмии мавҷуд истифодаи беҳина шавад ва давраҳои омӯзишии муштарак ба ҳамроҳи табодули нируҳои тахассусӣ ва илмӣ дар дастури кор қарор бигирад”.

Ёдовар мешавем, ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фаннии Тоҷикистону Эрон рӯзҳои 2-3 декабр баргузор шудааст. Ҳайати Тоҷикистонро дар он вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода роҳбарӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.