Дар Эрон умедвори сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишваранд

“Дар 13-умин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ ва фаннии Тоҷикистону Эрон дар бораи рушди ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ ва илмӣ тавофуқ ҳосил шуд”, – изҳор дошт вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён дар маросими рӯнамои китоби раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” дар Теҳрон. Вай изҳори умедворӣ кард, ки ояндаи наздик сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон […]

“Дар 13-умин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ ва фаннии Тоҷикистону Эрон дар бораи рушди ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ ва илмӣ тавофуқ ҳосил шуд”, – изҳор дошт вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён дар маросими рӯнамои китоби раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” дар Теҳрон. Вай изҳори умедворӣ кард, ки ояндаи наздик сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон сурат мепазирад.

Ба иттилои хабаргузории ИРНА, дар ҷаласа доир ба ҳамкории илмӣ, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва омода кардани мутахассисон ба мувофиқа расиданд.

“Умедворем, дар ояндаи наздик низ бо сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон заминаи густариши ин равобит ва ҳамчунин шурӯъи фаъолиятҳои ҷадид дар ҷиҳати тавсеаи беш аз пеши масоили иқтисодӣ фароҳам шавад”, – изҳор дошт Ризо Ардакониён, раиси эронии Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ ва фаннии Тоҷикистону Эрон.

Вай бо ишора ба ин ки ҳафтаи ҷорӣ нишасти ин Комиссия дар шаҳри Теҳрон баргузор шудааст, гуфт: “Дар 13-умин иҷлоси Комиссияи муштарак тавофуқоти арзишманде ҷиҳати тавсеаи равобити иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ба даст омадааст”.

Ардакониён афзуд: “Бо вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон ба унвони раиси тоҷики Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар тавофуқ кардаем, аз зарфиятҳои илмии мавҷуд истифодаи беҳина шавад ва давраҳои омӯзишии муштарак ба ҳамроҳи табодули нируҳои тахассусӣ ва илмӣ дар дастури кор қарор бигирад”.

Ёдовар мешавем, ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фаннии Тоҷикистону Эрон рӯзҳои 2-3 декабр баргузор шудааст. Ҳайати Тоҷикистонро дар он вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода роҳбарӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.