Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти ҲХДТ натиҷагирӣ мекунад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар анҷумани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки имрӯз ба кор шурӯъ мекунад, пешвои он Эмомалӣ Раҳмон аз бурду бохти ҳизб тайи панҷ соли охир натиҷагирӣ мекунад. Назди аъзои ҳизб вазифаҳои нав гузошта мешаванд.

Дар маҷмаи “Кохи Борбад”-и пойтахт имрӯз, 13 декабр соати 10 анҷумани навбатии 13-уми ҲХДТ оғоз мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Кумитаи иҷроияи марказӣ (КИМ)-и ҳизб хабар дод.

Дар кори анҷумани ҲХДТ беш аз 2 ҳазор нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Дар анҷуман ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Раёсати КИМ ва дигар мақомоти марказии ҳизб тасдиқ мешавад.

Ба масъалаи омодагӣ ба маъракаи интихоботи палатаи поёнии парлумон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки рӯзи 1 марти соли оянда таъин шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар анҷуман рӯйхати номзадҳои ҲХДТ ба вакилии палатаи поёнии парлумон аз рӯйхати ҳизбӣ эълон мешавад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, роҳбари ҳизб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд.

Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзо ё номзадҳои аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...