Бунёди корхонаи истеҳсоли дучарха дар Бохтар

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар бунёди корхонаи истеҳсоли дучарха (велосипед) оғоз шудааст.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар доданд.

“Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешавад. Иқтидори солонаи истеҳсолии он 10 ҳазор дучархаи ҳаҷмаш гуногун хоҳад буд”, – иброз дошт манбаъ.

Мувофиқи нақша, ин корхона то ҷашни Наврӯзи соли 2020 мавриди истифода қарор мегирад. Дар он 60 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.

“Баъд аз оғози фаъолияти корхона роҳбарияти он ният дорад, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ мағозаҳои махсус ифтитоҳ карда, маҳсулоти худро ба фурӯш гузорад”, – гуфт ӯ ва афзуд, ки дар заминаи он як коргоҳи ҷӯроббофӣ низ сохта мешавад.

Ба қавли манбаъ, минтақаи саноатии шаҳри Бохтар ягона дар миқёси ҷумҳурӣ буда, масоҳати он 6,9 гектарро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз дучарха, дар ин минтақаи саноатӣ ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли шифер, макарон ва сақич сохта шаванд. Дар маҷмӯъ, то ба имрӯз барои 10 соҳибкор, ки хоҳиши бунёди корхонаҳои саноатиро доранд, дар ин минтақа замин ҷудо карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...