Гулрухсор: Вақте кӯдакон маддоҳӣ мекунанд, намедонӣ, саратро куҷо бизанӣ

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсори Сафӣ имрӯз, 17-уми декабр мавлуд дорад. Хабарнигори “Азия-Плюс” бо ӯ дар бораи эҷодиёту ашъори мондагораш, миллат ва рӯшанфикрон, мадҳу санохонии “мӯдшуда”, ҷашнгирии зодрӯз ва масоили дигар гуфтугӯ кард. Дар зер андешаҳои Гулрухсор пешкаши хонандагон мешаванд.

Сукут гӯётарин сухан аст…

Ман ҳамеша дар рӯзи мавлуд сукут мекунам. Бароям сукут гӯётарин сухан аст. Сукут мекунам ва аз дил мегузаронам:

Чист истиқлол? Иззат доштан,
Бар диёри худ муҳаббат доштан.
Дар замини шуҳрати озодагон
Донаи меҳру муҳаббат коштан.

Ҳадяи Яздон биҳишти мо – Ватан!
Шаҳкитоби сарнавишти мо – Ватан!

https://www.youtube.com/watch?v=ggvzkdwGKr0

Мадҳу сано ва тамаъкорӣ бехатар нест!

Инсон ҳамеша ба муҳаббат, хосса ба сухани самимӣ ниёз дорад.

Дар ҷамъияте, ки мадҳу сано чархгардон аст, он ҷо нодорӣ ва ночорист. Мадҳу сано зодаи тамаъ аст ва тамаъ бадтарин падидаи одамист. Яке агар бинад, ки дигарон ба воситаи мадҳу сано чизеро соҳиб шуданд, ӯ низ мехоҳад, ба ҳамон роҳ равад ва аз чизе баҳраманд шавад. Пеши ман мадҳкунанда аз мадҳшаванда бештар гунаҳгор аст. Мадҳу сано ва тамаъкорӣ бехатар нест! Як маддоҳ чанд маддоҳи дигарро меофарад ва аз пайи худ мебарад. Вақте кӯдакон даст пеши бар маддоҳӣ мекунанд, намедонӣ, саратро куҷо бизанӣ!

Касе мехоҳад, хизматҳои раисҷумҳурро дар ободонии кишвар таъкид кунад, бояд аввал акси бинои Китобхонаи миллиро гузорад. Дар рӯзҳое, ки мардум ба як бурда нон ниёз доштанд, санги аввалини ин китобхона гузошта шуд. Худи мо низ дар он ҷо иштирок доштем. Бисёриҳо он замон дар тааҷҷуб афтоданд, ки мардум ба нон ниёз дораду инҳо китобхона месозанд. Ин корро миллате метавонад анҷом диҳад, ки таърихи ҳазорсолаи китобдорӣ ва китобхонӣ дошта бошад.

Наслҳову фаслҳо аз сар мегузаранд, аммо ин махзан пур мешавад аз китобҳои дунёву нусхаҳои қаламии мо, ки ҳазорҳо дар сандуқҳои бегона хуфтаанд. Ин махзан ҳамчун пайкараи миллати қадимаи китобдору китобхону китобофари ман аст. Дар бораи меъморӣ ва сохтмони ин китобхона чизе намегӯям, чун мутахассис нестам.

Китобхона аз садҳо ва ҳазорҳо мадҳу сано болост. Касе китоб мехонад ё не, ин кори ӯст, лекин мо махзани китоб дорем, ки аз бузургии миллати қадимаи мо шаҳодат медиҳад.

Миллат ба рӯшанфикри пешқадам ниёз дорад

Миллат ба падару модар эҳтиёҷ надорад. Он падару модар, фарзанд ва монанди инҳоро худ месозад.

Миллат ҳамеша ба зиёӣ ва рӯшанфикри пешқадаму пешбаранда ниёз дорад. Миллатро зиёӣ месозад, ки ӯро худ дар оғӯшаш тарбия кардааст.

Бунёдгузори забон ва шеъри мо Устод Рӯдакист

Донишкадаи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон 90-сола шуд, вале мо то ҳол чопи илмии Рӯдакиро надорем. Бузургтарин шоири дунё Рӯдакист, вале то ҳол ӯро наомӯхтаем.

Китоби “Атри ҷӯйи Мӯлиён”, ки онро дар арафаи ҷашни 1150 солагии Устод Рӯдакӣ навишта будам, ба нашр омода мекунам. Ин китоби радиоӣ аст. Дар назди баландгӯяк нишаста будам ва эҳсосе, ки аз бачагӣ то имрӯз ба осори Устод Рӯдакӣ доштам, гуфтам. Ин адабиёти меҳр буд, ки ман бо сухан изҳор кардам.

Ин китоб натанҳо дар шакли садоӣ ва чопӣ, балки дар шакли видеоии иборат аз 12 навор низ омода мешавад. Онро мо барои хонандагону донишҷӯёни мактабҳои миёна ва олӣ пешниҳод мекунем. Бунёдгузори забон ва шеъри мо Устод Рӯдакист. Ҷой ва ҷоҳи Устод Рӯдакӣ ҳамеша дар дили мо алоҳида аст. Устод Рӯдакӣ падар ва зодгори шеъри мост.

Атри ҷӯйи Мӯлиёну накҳаташ

Мо зи шеъри Рӯдакӣ бӯйидаем.

Мо ҳама аз оби Рӯдак хӯрдаем,

Мо зи дарди Рӯдакӣ рӯйидаем.

Мухтасари ҳасби ҳол

Гулрухсори Сафӣ шоир, нависанда, рӯзноманигор, дромнавис, тарҷумон, узв ва Котиби раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ 17-уми декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи водии Рашт ба дунё омадааст. Соли 1968 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун ҳамчун рӯзноманигор ва сардабир фаъолият намудааст.

Ӯ дар синни 22-солагӣ ҷавонтарин узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ шуд.

Аввалин маҷмӯаи шеърии Гулрухсор «Бунафша» соли 1970 ба нашр расид. Ин маҷмӯа аз шоири ҷавону ояндадор будани ӯ ба ворисони шеъри ноб мужда медод.

Гулрухсор инчунин муаллифи маҷмӯаҳои ашъори "Хонаи падар", "Шабдарав", "Афсонаи кӯҳӣ", "Дунёи дил", “Ихлос”, “Оинаи рӯз”, “Сипар”, “Қасидаи кӯҳистон”, “Зодрӯзи дард”, “Таронаи Ватан” ва дигарон мебошад.

Ашъори ӯ ба англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ, чехӣ ва забонҳои дигар тарҷума шудаанд.

Дар ин матлаб видеоҳои YouTube аз сафаҳоти Alo music Trap ва Бахтовари Ҷамшед истифода шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...