Ифтитоҳи биноҳои нави “Амонатбонк” ва Агентии зиддифасод

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 17-уми декабр дар шаҳри Душанбе биноҳои нави Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ-ро ба истифода дод.

Сарвари давлат бо шароити корӣ ва имконоти иншооти нав аз наздик шинос шуда, бо кормандони онҳо суҳбат анҷом дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки бинои нави “Амонатбонк” бо назардошти талаботи муосир бунёд ёфта, дар ҳудуди он шароити замонавии кор ва хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар дохили бино 121 утоқи корӣ ҷойгир буда, барои 500 нафар корманди дастгоҳи марказӣ ва дигар шуъбаҳои хизматрасонии бонк пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи аввали бино Маркази хизматрасонии мизоҷон ва Департаменти пардохти нафақаву кортҳои пластикӣ ҷойгир шудааст.

Дар баробари ифтитоҳи бино, ҳамчунин Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ба тозагӣ дастгоҳи чоп ва омодасозии кортҳои пластикиро дастрас кардааст. Ин имкон медиҳад, минбаъд дар ҳамин ҷо кортҳои пластикӣ омодаву дастраси мизоҷон карда шавад.

Зимни боздид ба раисҷумҳур иттилоъ доданд, ки утоқҳои корӣ пурра бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дохили иншоот ва утоқҳои корӣ бо меъёрҳои байнулмилалии бонкдорӣ бунёд ёфта, ҳамчунин бино аз толору маҷлисгоҳ ва утоқҳои мулоқоту қабули меҳмонон иборат мебошад. Аз ҷумла, бино дорои толор барои нишастҳои матбуотӣ ва толори хурди маҷлисӣ буда, барои гузаронидани ҳамоишу чорабиниҳо як толори дигар низ бо 200 ҷойи нишаст бунёд ёфтааст. Ҳамзамон бо назардошти талабот 4 утоқи машваратӣ низ сохта шудааст, ки бо дастгоҳҳои зарурӣ ва аёниятҳои корӣ таъмин мебошанд. Ҷиҳати таъмини бехатарӣ бонк бо 300 адад камераи муосири назоратӣ таъмин аст. Ҷараёни фаъолият ва омаду рафт ба таври қатъӣ зери назорат қарор дошта, 9 ҳуҷраи техникӣ дар дохили иншооти тозабунёд ташкил шудааст.

Аснои шиносоӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Осорхонаи бонк, ки дар ошёнаи 10-ум бунёд ёфтааст, боздид кард. Дар ин ҷо дастоварду натиҷаҳои кории “Амонатбонк”, ки таърихи бештар аз 130-сола дорад, маҳфуз дошта мешавад. Осорхона бо усули муосири меъморӣ бунёд ёфта, ҳамчунин барои гузаронидани конфронсҳои хурд дар ин ҷо имкон фароҳам аст.

Зимни шиносоӣ иброз гардид, ки дар ду ошёнаи зеризаминии бино таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ, анбор ва таҳвилхона бунёд ёфтааст. Дар маҷмӯъ бинои нав аз 10 ошёна ва 2 ошёнаи зеризаминӣ иборат аст.

Раисҷумҳур зимни мулоқот бо кормандон таъкид кард, ки “Амонатбонк” дар низоми бонкдории мамлакат нақши калидӣ бозида, бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар кардани шароити кории он тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешавад. Аз ҷумла, ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот сарвари давлат баҳои баланд дода, кормандонро вазифадор кардааст, ки ин имконотро баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ истифода баранд.

Президент инчунин бинои асосии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино аз аз 7 ошёна иборат буда, дорои 182 ҳуҷраи муосиру барҳаво барои кору фаъолияти кормандон аст.

Дар он толори барҳаво бо 300 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст, ки барои гузаронидани ҷамъомад ва маҳфилу чорабиниҳои гуногун мувофиқ мебошад.

Дар ин ҷо ҳамзамон 2 хуҷраи конфронсию машваратӣ ва ошхонаи замонавӣ сохта шудааст.

Бинои нави Агентӣ дорои китобхонаи муосир мебошад, ки бо адабиёти соҳавӣ ва бадеӣ таъмин аст. Кормандони он метавонанд аз китобхонаи электронӣ низ, ки бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошад, истифода баранд.

Масоҳати умумии бинои сохташуда 12 ҳазору 216 метри мураббаъ буда, аз биноҳои 7 ва 2 ошёнагӣ бо таҳхонаву таваққуфгоҳ иборат аст.

Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми бинои асосӣ, китобхона, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, навбатдорӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва корӣ мавҷуд аст.

Дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои кории раёсатҳои Агентӣ ҷойгир шуда, таҳхонаи он барои бойгонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар бинои нав барои машқу тамрин ва обутоби бадани кормандон толори барҳавои варзишӣ низ сохта шудааст, ки коргарон метавонанд аз он ба таври васеъ истифода намоянд.

Бинои нави Агентӣ дорои гузаргоҳи назоратӣ, 143 нуқтаи камераҳои дохилӣ ва 19 нуқтаи камераҳои мушоҳидавии берунӣ мебошад.

Барои таъмини бино бо нерӯи барқ ва гармӣ зеристгоҳи барқӣ бо ду адад трансформатор ва таҷҳизоти гармидиҳӣ насб шудааст.

Раисҷумҳур дар ҳамин рӯз ба кормандони Агентӣ 175 адад компютери муосир тақдим кардааст. Ӯ пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамоварда, бо кормандони ин мақомот мулоқот кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...