Милисаҳои муттаҳам ба шиканҷа аз 7 то 17 сол зиндонӣ шуданд

Радиои Озодӣ

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми декабр чаҳор милисаи муттаҳам ба шиканҷаи боздоштшудаҳоро аз ҳафт то ҳабдаҳ сол зиндонӣ кард. Вакилони мудофеи маҳкумшудаҳо гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва нисбат ба нафарони зери ҳимояташон ноадолатӣ сурат гирифтааст. Қаблан 18 нафар аз сокинони Душанбе шикоят карда буданд, ки чаҳор корманди пешини идораи корҳои дохилии Душанбе ҳангоми боздошт ва ба даст овардани эътирофи онҳо аз шиканҷа истифода кардаанд.

Дар ҷаласаи ниҳоии додгоҳ, ки рӯзи 16-уми декабр баргузор шуд, додрас Тоҳирбек Мӯсобекзода ба Фарҳод Нурхонов, муовини пешини сардори Шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати умури дохилии Душанбе 17 сол, ба Аваз Сабзаев ва Ирониддини Аҳлиддин 9-солӣ ва ба Умед Ваҳҳобов 7 сол ҳукми зиндон эълон кард.

Муҳокимаи Нурхонов, Сабзаев, Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин чаҳоруним моҳ боз идома дошт ва дар мурофиаи охирин намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон барои аввалӣ 23 сол ва барои се тани дигар 15-солии зиндон талаб карда буд. Ин афрод ба шиканҷаи боздоштшудаҳо ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ гунаҳкор шуданд. Худи онҳо дар мурофиаҳои додгоҳӣ ин айбро рад кардаанд.

Фарҳод Нурхонов, яке аз маҳкумшудагон ҳангоми баёни сухани охиринаш дар додгоҳ гуфтааст, тафтишот нисбат ба ӯ "якҷониба ва ноодилона" рафтор кардааст. Мақомоти додситониву додгоҳӣ ин иддаоро рад мекунанд.

Додситонӣ баъди муроҷиати ҳамсари Ҳамза Солеҳов ба зидди афсарони милиса парванда боз кардааст.

Абдукарим Абдулҳамидов, вакили Фарҳод Нурхонов, рӯзи 16-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, иттиҳомҳое, ки нисбат ба зерҳимояаш эълон шуд, "дар мурофиаҳои додгоҳӣ исботи худро наёфт". "Вале додрас ваҷҳҳоеро, ки дар тафтишоти пешакӣ гузашта буд, ба инобат нагирифт ва ба ҳукм ворид накард", – афзуд ӯ.

Дар рӯзи эълони ҳукми чаҳор милисаи собиқ хабарнигоронро ба толори додгоҳ роҳ надоданд. Наздикони баъзе аз маҳкумшудаҳо эътироз карда ва гуфтанд, ки "иштироки хабарнигорон зарур нест".

Ин дар ҳолест, ки Наргис Абдураҳмонова, вакили мудофеи Ҳамза Солеҳов, яке аз ҷабрдидаҳо дар қазияи милисаҳои собиқ гуфт, "иттиҳомоте, ки нисбат ба маҳкумшудаҳо эълон гардида буд, ҳангоми мурофиаҳои додгоҳӣ исботи худро ёфт". Ӯ таъкид намуд, ки нисбат ба милисаи собиқ – Аваз Сабзаев ва Ирониддини Аҳлиддин – қисман қонуни афв татбиқ гардидааст. "Аз се як ҳиссаи ҳукмашон кам карда шуд", – гуфт ӯ.

Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин дар моҳи феврали имсол дар пайи шикояти Ҳамза Солеҳов, як сокини Душанбе боздошт шуданд. Иттиҳоми асосӣ нисбат ба ин чаҳор маъмури милиса, ба истиснои Умед Ваҳҳобов, истифода аз шиканҷа буд. Онҳо ба ҷуз аз шиканҷа ба баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва гирифтани пора низ айбдор шуданд. Бархе аз маъмурони боздоштшудаи милиса дар додгоҳ иттиҳоми гирифтани пораро тасдиқ карда, вале шиканҷаро рад намуданд.

Ҳамза Солеҳов ҳангоми суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, барои ба гардан гирифтани ҷиноят ӯро ба нерӯи барқ гузоштаанд. Ба ҷуз аз Ҳамза Солеҳов, инчунин 17 сокини дигари Душанбе иддао карданд, ки Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин онҳоро шиканҷа кардаанд.

Маъмурони пешини милиса дар додгоҳ ва ба воситаи вакилони мудофеи худ гуфтанд, ҳангоми дастгир кардани гумонбарон ба чанд хато роҳ додаанд, аммо иттиҳоми шиканҷа "беасос аст". Парвандаи чаҳор корманди милиса аз қазияҳои пурсарусадои шиканҷаи муттаҳамон дар соли 2019 буд. Ҳолатҳое буд, ки ба зидди кормандони милиса баъд аз расонаӣ шудани шикоятҳо аз шиканҷа парванда боз шуд, вале баъдан тафтишот қатъ мешуд.

Дар ҳолати дигар Умед Ҳикоятов, як сокини Душанбе моҳи апрел аз шиканҷа шуданаш аз сӯи ду корманди милиса шикоят кард, вале дар ниҳоят худи ӯро ба дуздӣ муттаҳам карданд.

Шиканҷа дар Тоҷикистон аз масъалаҳоест, ки борҳо дар сархати расонаҳо ҷой гирифтааст. Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқро муттаҳид мекунад, мегӯянд, соли 2018 ба созмони онҳо 44 нафар аз шиканҷа шикоят кардаанд, ки 7 нафараш занонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...