Ба буҷети давлатӣ $165 млн. камтар аз нақша ворид шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ ба буҷети давлатии Тоҷикистон 165 млн. доллар камтар аз нақша маблағ ворид шуд, ки 7,2% аз даромадҳои пешбинишударо ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии буҷет давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон 20 млрд. 568 млн. сомонӣ ё худ 92,8% аз нақшаи тасҳеҳшударо ташкил дод.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, сабаби ба ин миқдор кам шудани воридоти маблағ ба буҷет дар он аст, ки нақшаи ҷамъоварии чанде аз навъҳои андоз иҷро нашудааст.

Ба иттилои Вазорати молия, иҷрои маблағҳои пешбинишуда аз пардохти андозҳо аз даромад, фоида, андози иҷтимоӣ, андоз аз арзиши иловашуда (ААИ), реҷаи махсуси андоз ва аксизҳои дохилӣ муяссар нашудааст.

Ҳиссаи воридоти маблағ аз пардохти андоз дар ҳаҷми умумии даромадҳо ба буҷети кишвар наздики 70%-ро ташкил медиҳанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки давоми солҳои 2019-2021 ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, маблағи воридоти андозҳо ба буҷети давлатиро ҳамасола ба андозаи 10% зиёд кунад.

Дар қонуни аз ҷониби парлумон қабулшуда “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020” иҷрои нақшаи даромадҳо аз ҳисоби воридоти андозҳо дар ҳаҷми 17,9 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки аз буҷети имсола 1,6 млрд. сомонӣ бештар аст.

Афзоиши ҳаҷми воридоти андозҳо асосан аз ҳисоби баланд кардани ҷамъоварии андоз аз арзиши иловашуда (512 млн. сомонӣ бештар аз соли равон), андоз аз фоида (232 млн. сомонӣ зиёдтар) ва андоз аз даромад (230 млн. сомонӣ бештар) пешбинӣ шудааст.

Охири моҳи октябр Кумитаи андоз ба вазорату идораҳои дахлдор мактуб ирсол кард, ки дар он сарчашмаҳои нави пур кардани буҷет аз ҳисоби пардохти андоз пешниҳод мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...