Путин чӣ гуна беҳтар мутобиқшавии муҳоҷиронро шарҳ дод

Asia-Plus

Дар нишасти хабарии рӯзи 19-уми декабр президенти Русия Владимир Путин ба суол дар бораи муҳоҷирон иброз дошт, ки “дар ин ҷо бархе аз онҳо чунон рафтор мекунанд, ки агар дар хона мебуданд, ин хел рафтор намекарданд”.

“Лекин муҳоҷиратро манъ кардан лозим нест, доимо ба танзими он машғул шудан зарур аст”, – гуфт ӯ.

Тавре хабаргузории RG.ru иттилоъ медиҳад, вай дар мавриди вазъи демографӣ изҳор доштааст, ки дар ин самт ду роҳи ҳали мушкилот мавҷуд аст: афзоиши табиӣ ва аз ҳисоби муҳоҷират.

“Дар масъалаи танзими раванди муҳоҷират метавон аз таҷрибаи аврупоӣ истифода кард. Дар Канада як Вазорати ҷудогонаи муҳоҷират амал мекунад, лекин дар он ҷо на ҳамаро мепазиранд: синну сол, вазъи солимӣ ва маълумот муҳим аст”, – афзуд президенти Русия.

Ба андешаи ӯ, барои Русия низ тарзи интихобӣ мувофиқ буда, ба ҷомеаи он касоне осонтар мутобиқ мешаванд, ки забони русиро донанд ва бо фарҳанги мардуми рус ошно бошанд.

“Масалан, барои муҳоҷирон аз Беларусу Украина ва Молдова мутобиқшавӣ осонтар аст. Аҳолии маҳаллӣ низ ба чунин муҳоҷирон нисбатан оромона муносибат мекунанд”, – иброз дошт Путин.

Вай афзуд, ки ба зодагони Осиёи Миёна мушкилтар буда, барои тағйири ин вазъ роҳандозии курсҳои омӯзиши забони русӣ, ифтитоҳи филиалҳои мактабҳои олӣ дар ин кишварҳо мувофиқи мақсад аст.

“Ин барои худро бароҳат ҳис кардан, ҳамчунин аз байн бурдани муносибати нохуби сокинони маҳаллӣ ба онҳо, ки бо ҳодисаҳои беҳурматии муҳоҷирон ба фарҳангу таърихи мо дучор мешаванд, лозим аст. Ин барои муҳоҷирони дохилӣ низ рабт дорад. Онҳо ҳам рафторашонро дигар мекунанд”, – гуфтааст ӯ.

Путин мутмаин аст, ин маънои онро надорад, ки муҳоҷиратро мебояд манъ кард.

“Иқтисод ба қувваи корӣ ниёз дошта, норасоияш омили боздошти рушди он мешавад. Лекин раванди муҳоҷиратро оқилона ва мунтазам мебояд танзим кард”, – таъкид дошт президенти Русия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...