Қонунгузории ипотека дар Тоҷикистон содатар шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи ипотека” қабул кард, ки ба такмили заминаи ҳуқуқии амволи гарав равона шудааст.

Аз ҷумла, акнун тибқи қонунгузорӣ гузаштани амволи гарав ба қарздиҳанда бидуни баррасии судӣ имконпазир мешавад.

То ин замон бонкҳо танҳо бо қарори суд амволи дар ипотека  ба гарав гузоштаро рӯёнида метавонистанд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бар ин назаранд, ки содакунии қонунгузории ипотека ба афзоиши қарздиҳӣ барои ипотека дар кишвар мусоидат мекунад.

Қонун “Дар бораи ипотка” дар Тоҷикистон соли 2008 қабул шуд. Дар ин давра, тибқи маълумоти БМТ, ташкилотҳои қарзии кишвар ба маблағи умумии ҳамагӣ ҳудуди 210 млн. сомонӣ қарзҳои ипотекӣ додаанд.

Айни замон аз 17 бонки ҷумҳурӣ танҳо дар 2-тоаш: “Аввалин бонки молиявии хурд” ва “Спитамен Бонк” ва боз дар 1 ташкилоти қарзии хурд: ТҚХ “Ҳумо” метавон барои харидории манзил (ипотека) қарз гирифт.

Меъёри миёнавазн оид ба қарзҳои хориҷӣ дар низоми бонкии ҷумҳурӣ феълан ба 21,77% баробар аст.

Тобистони ҳамин сол раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ дар нишасти хабарӣ изҳор дошта буд, ки ояндаи наздик ворид кардани тағйирот ба қонун “Дар бораи ипотека” дар назар буда, зимнан гузаштани амволи гарав ба ихтиёри бонк бидуни баҳси судӣ пешбинӣ шудааст.

Раиси”Амонатбонк” қайд карда буд, ки пас аз қабули тағйирот, бонки мазкур ба пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ оғоз мекунад.

“Бисёре аз қарзгирандагон ба масъалаи баргардонидани он ҷиддӣ муносибат надоранд. Аз ин рӯ, бонкҳо ба мушкилоти молиявӣ дучор мешаванд. Маҳз барнагардонидани қарзҳо боиси мушкилоти молиявӣ дар баъзе бонкҳо шуд”, – гуфта буд Икромӣ.

Ба ҷуз ин, таъкид дошта буд ӯ, “Амонатбонк” дар ҳаҷми 417 млн. сомонӣ сармоя дар ихтиёр дорад.

“Ин бевосита маблағҳои мо буда, қисмате аз онро низ метавонем ба қарздиҳии ипотекӣ равона созем”, – иброз дошт номбурда.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...