Амрико Тоҷикистонро дар феҳрасти поймолкунандагони ҳуқуқи динӣ нигаҳ дошт

Тоҳири Сафар, Радиои Озодӣ

Амрико дар баробари нӯҳ кишвари дигар Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои мояи нигаронии хос аз назари муроот накардани ҳуқуқи динӣ шомил кард. Дар ин бора Майк Помпео вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 20-уми декабр хабар дод ва гуфт, ҳимоят аз ҳуқуқи мазҳабӣ яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии раиси ҷумҳур Доналд Трамп аст ва ҳадафи феҳраст идомаи ин кори муҳими ҳукумат аст.

Дар як баёнияи расмии Майк Помпео, ки вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 20-уми декабр нашр кард, омадааст: “Рӯзи 18-уми декабр вазорати умури хориҷӣ Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Куриёи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистонро дигарбора кишварҳои мояи нигаронии хос эълон кард” чунки ба бовари вазорат ин кишварҳо пайваста ва мудавом “озодиҳои диниро ошкоро маҳдуд кардаанд ва ё помол кардани ҳуқуқи мазҳабиро нодида гирифтаанд”.

Туркманистон ҳам айни Тоҷикистон дар қатори кишварҳои мояи нигаронии хос “истодааст” ва вазорати умури хориҷии Амрико Узбекистонро дар радифи Русияву Коморро дар феҳрасти кишварҳои зери назорат нигаҳ дошт, ки “ҳуқуқи динии мардумро бисёр сахт зери по мекунанд”.

Мақомоти Тоҷикистон ҳануз ба ин эълони ҳукумати Амрико вокунише нишон надодаанд, вале дар гузашта гуфтаанд, ки дар кишвар “ҳама ҳуқуқи мазҳабӣ риоят мешавад” ва арзёбиҳои хориҷиён аз вазъи ҳуқуқи динии мардум ғаразмандона ва нодуруст аст.

Амрико се сол боз, яъне аз соли 2016 то кунун Тоҷикистонро дар ин феҳрасти кишварҳои помолкунандаи ҳуқуқи мазҳабӣ қарор додааст. Бар асоси муқаррароти Иёлоти Муттаҳида, ҳукумати кишвар метавонад, ба зидди ин кишварҳо таҳримот эъмол кунад, вале расман гуфтааст, ки бо назардошти аҳаммияти зиёди Тоҷикистон барои манофеи миллии Иёлоти Муттаҳида аз ин кор худдорӣ мекунад.

Дар баёнияи расмии Майк Помпео омадааст: “Мо бовар дорем, ки ҳар кас дар ҳама ҷо ва ҳамеша ҳақ дорад, бар асоси фармудаҳои эътиқодоташ зиндагӣ кунад”.

Кумиссиёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба озодиҳои динӣ моҳи майи имсол бо нашри гузориши солонааш дар бораи озодиҳои мазҳабӣ гуфт, ки дар Тоҷикистон дар соли 2018 мақомот ҷанбаҳои гуногуну мушаххаси эътиқоду бовари мардумро назорат мекарданд. “Аз ҷумла маросимҳои тӯй ва ҷанозаро маҳдуд карда, барои риш гузоштан ва ҳиҷобпӯшӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ намуданд. Таҳсилоти олии исломӣ тақрибан барҳам хӯрд ва тағйирот ба Қонуни дин аз соли 2009 боиси баста шудани бештар аз 2000 масҷид дар давоми ду соли охир гардид. Зери пардаи мубориза бо ифротгароии динӣ, ҳукумат ба шиканҷаи аъзои собиқи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ идома дод. Аъзои собиқи қатории ҳизбро ба солҳои тулонии зиндон маҳкум кард ва истирдоди раҳбарони онро аз хориҷа дархост мекунад”.

Вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 20-уми декабр ҳамчунин гуфт, ки Ҷабҳат Ан-Нусра, Ал-қоида дар Нимҷазираи Арабӣ, Ал-Қоида, Аш-Шабоб, Боко Ҳарам, Ҳусиҳо, ДОИШ, ҳалқаи Хуросон ва Толибон ба гуруҳҳои мояи нигаронии махсус ворид шуданд.

Ҳалқаи Хуросон яке аз шохаҳои гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” аст, ки аксарияти аъзои онро шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон ташкмл медиҳанд.

Дар баёнияи Майк Помпео омадааст: “Чунин таъйинот дигарбора азми Амрико барои ҳимояти моро нишон медиҳад, ки мехоҳанд аз ҳаққи озодии динӣ ва эътиқод баҳра баранд.“ Майк Помпео гуфтааст, ки ҳукумати Амрико ба чолиш кашидани кишварҳо ва гуруҳҳоеро, ки ин ҳаққи бунёдии инсонро помол мекунанд, идома медиҳад, то онҳо барои амалкардҳояшон посух бигӯянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...