Тоҷикистонии гумонбар ба тахриби қатораи “Сапсан” ба 22 соли зиндон маҳкум шуд

tojiki

Дар шаҳри Маскав аз рӯйи парвандаи кӯшиши ҳамлаи террористӣ ба қатораи босуръати “Сапсан” моҳи июли соли 2017 ҳукм содир шуд. Зодаи Тоҷикистон Эмом Бурҳонов ба 22 соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад.

Мурофиаи Бурҳонов ҷудогона ҷараён гирифта, ӯ ба гуноҳаш иқрор шудааст. Ҳафт нафари гумонбаршудагони дигар моҳи июли соли 2019 ба муҳлатҳои аз 15 то 21 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Тавре “Интерфакс” менависад, суд Бурҳоновро дар ташкили гурӯҳи террористӣ ва иштирок дар он, кӯшиши ба амал овардани таркиш дар ҳайати ин даста ва ғайриқонунӣ нигаҳдории аслиҳа гунаҳкор эътироф кардааст.

Ба иттилои хабаргузорӣ, дар мурофиаи судӣ Бурҳонов изҳор доштааст, ки “дар амали содиркарда гунаҳкор аст”.

“Ман хато кардам. Дар шабакаи Youtube наворҳоеро тамошо кардам, ки дар онҳо занону кӯдаконро мекуштанд. Мехостам, ки ба ин хотима бахшам, аммо ба хато роҳ додам”, – гуфтааст Бурҳонов дар сухани охирини худ.

Ёдрас мекунем, ки қатораи Маскав – Санкт-Петербург 13-уми июли соли 2017 ба сохтори металлие бархӯрд, ки дар роҳи он гузошта шуда буд. Қатора аз роҳ набаромада, танҳо 5 вагонаш осеб диданд.

Суди ҳарбии ҳавзаи Маскав 12-уми июли соли 2019 нисбат ба аъзои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” барои кӯшиши тобистони соли 2017 дучори садама кардани қатораи “Сапсан” ҳукм баровард.

Маҳкумшудагон Муҳаммадӣ Бобоёров, Ҷумъахон Паймонов, Фарҳод Наҷмуддинов, Суҳробҷон Нозимов, Фарходҷон Нозимов, Абдулғаффор Рауфов ва Ҳамроҷон Рауфов ба муҳлати аз 15 то 21 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Тавре мақомоти тафтишот муайян кард, маблағи зиёни расида ба ҶС “Роҳҳои оҳани Русия” (АО "РЖД") 55 млн. рублро ташкил додааст.

Зикр мешавад, ки 5 нафар айбдоршавандагон ба гуноҳи худ иқрор нашуда, яке аз онҳо қисман ва як нафари дигар пурра эътироф кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...