Маошу нафақа ва стипендияҳо аз сентябри соли 2020 боло мераванд

Date:

Сарвари давлат имрӯз зимни ироаи паёми ҳамасола ба парлумон изҳор дошт, ки маошу нафақа ва стипендияҳо дар Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2020 боло мераванд.

“Аз 1 сентябр соли 2020 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад”, – гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18-сола, инчунин дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, зиёд карда шавад.

“Ба онҳо дар асоси Қонун “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони ҶТ” нафақаи иҷтимоӣ таъин шуда, пешниҳод менамоям, ки аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шавад”, – қайд кард раисҷумҳур.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...