Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

АНОНС

– Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ соати 18:00 тамошобинонро ба балети Петр Чайковский «Щелкунчик» даъват мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Дар Театри опера ва балет намоишномаҳои солинавӣ барои кӯдакон ҷараён доранд. Оғози намоишномаҳо соати 10:00 ва 12:00.

– Аз соати 9:00 то 16:00 метавон дар маҷмаии кӯҳии лижаронӣ ва сайёҳии “Сафед-Дара” истироҳат кард. Он ҷо Шуморо Бобои Барфӣ ва Барфак, арча ва барф интизор аст. Арзиши билет барои кӯдакон: 150 сомонӣ (рӯзҳои корӣ), 200 сомонӣ (рӯзҳои истироҳат). Нархи билет барои калонсолон: 100 сомонӣ (рӯзҳои корӣ) ва 150 сомонӣ (рӯзҳои истироҳат). Билетҳоро бо телефонҳои зерин метавон фармоиш дод: 44 601 30 30 ва 88 888 01 78.

– Агар донистанӣ бошед, ки дар ин ҳафта чӣ гуна чорабиниҳои солинавӣ баргузор мешаванд, ба эълони мо назар андозед.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6955 сомонӣ;

1 евро – 10.7620 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1556 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1932 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ низоми шиносномавӣ ҷорӣ гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

1938 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ таъсис дода шуд.

1930 – Зодрӯзи олими адабиётшинос Саидумар Султонов.

1937 – Мавлуди доктори улуми физикаву математика Муҳаббат Каримова.

1939 – Зодрӯзи доктори улуми кимиё, профессор Самариддин Каримов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона-1+4, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9° хунук, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 15+20° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 12+17° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 2-7 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 11-13 хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво 22-27° хунук, (дар мавзеи Булункул то 35-37 хунук), рӯзона 5-10° хунук, (дар мавзеи Булункул то 14-16 хунук)мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 14+19° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-10 хунук, рӯзона 5+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе —  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 16+18° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 11+13° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар —   Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 17+19° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 5-7° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...