Парлумони Эрон Пентагонро созмони террористӣ эътироф кард

Asia-Plus

Маҷлиси Эрон имрӯз барои созмони террористӣ эътироф шудани Вазорати мудофиаи ИМА (Пентагон) овоз дод. Дар ин бора ТАСС иттилоъ медиҳад.

Дар шарҳи санади қабулшуда раиси Маҷлис Алӣ Лориҷонӣ изҳор доштааст, ки “ҳамаи аъзои Вазорат ва ташкилоту муассисаҳи зертобеъ ё вобастаи он, ҳамчунин роҳбарони дастдошта ба қатли генерал ва фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ Қосим Сулаймонӣ террористон дониста мешаванд”.

Аз лоиҳаи қонун 228 нафар вакилон ҷонибдорӣ карданд. Дар раъйдиҳии Маҷлис ҳамагӣ 238 нафар вакилони мардумӣ ширкат варзиданд.

Дар лоиҳаи мазкур тағйирот ба қонуни моҳи апрели соли гузашта қабулшуда дар назар аст. Дар қонуни пешина Фармондеҳии марказии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА созмони террористӣ эътироф гардида буд. Мувофиқи матни он, “ҳамаи нерӯҳои амрикоии мустақар дар Ховари Миёна террористӣ буда, ҳукумати ИМА сарпарасти террористон мебошад”. Қонун дар посух ба қарори президенти ИМА Доналд Трамп аз 8-уми апрел доир ба рӯйхати созмонҳои террористии хориҷӣ дохил кардани Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ қабул шуда буд.

Қобили зикр аст, ки пас аз ҳамлаи ҳавоии ИМА ба мавзеи назди фурудгоҳи Бағдод шаби 3-юми январ, ки бар асари он генерал Сулаймонӣ кушта шуд, вазъ дар гирду атрофи Эрон муташанниҷ шуд. Барои ин амал Теҳрон ба Вашингтон “интиқоми сахт” ваъда дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...